Ҳукумати Тоҷикистон: “Тоҷиксемент” дар шимоли Душанбе корхонаи нави сементбарорӣ месозад

Обуна шудан
Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати "Тоҷиксемент" аз сохти корхонаи нави тавлиди семент дар шимоли Душанбе хабар дод.

ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik.  Бино бар дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, ин корхона дар канори ширкати феълии тавлиди семент дар шимоли шаҳри Душанбе бо ҳазинаи 100 миллион доллар сохта хоҳад шуд.

Рабочие на стройке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон дар чор моҳ беш аз 1,2 миллион тонна семент истеҳсол кард

Гуфта мешавад, корхонаи нав дар сол беш аз 1 миллиону 200 ҳазор тонна семент тавлид хоҳад кард.

Бо сохти ин корхона ширкати тавлиди сементи Душанбе, ки қадимитарин маркази тавлиди ин маҳсулоти сохтмонӣ дар Тоҷикистон аст, фаъолияти хешро мутаваққиф мекунад.

Ҳамчунин бар асоси барномаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, сохти як корхонаи дигари тавлиди семент дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхии вилояти Хатлон бо зарфияти тавлиди 600 ҳазор тонна аз ин маҳсулоти сохтмонӣ дар сол дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0