19:22 24 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Тоджиксодиротбанк. Архивное фото

Ҳукумат ҳиссаи саҳмияҳояшро дар “Тоҷиксодиротбонк” ба фурӯш гузошт

© Sputnik Игорь Лекаркин
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
421 0 0

Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷинвест”, ки корхонаи зертобеъи Кумитаи сармоягузорӣ аст дар сомонаи худ эълони фурғши 80 дарсад саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк”-ро нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Эълони фурӯши саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк”, ки дучори мушкилот шудааст, дар сомонаи “Тоҷинвест” нашр шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Дар маълумоти лоиҳаи сармоягузорӣ фурӯши 80 дарсади саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк” ба маблағи 300 млн. доллар зикр шудааст.

Манбаъ қайд намудаст, ки масъулини “Тоҷиксодиротбонк” изҳор намуданд, ки ин ҷо сухан сари ҳиссаи ҳукумат меравад, ки соли 2017 дар натиҷаи кумаки молиявӣ ба бонк ба маблағи 2 млрд. 250 млн. сомонӣ ба вуҷуд омада буд.

Қарор буд “Тоҷиксодиротбонк” маблағҳои аз ҳукумат гирифтаро дар муддати панҷ сол баргардонад. Тибқи нақша бонк бояд то охири соли 2017 ба Вазорати молия 5дарсад, соли равон – 20 дарсад ва солҳои минбаъда – 25 дарсади ин маблағро бармегардонд.

Аммо роҳбарияти бонк дар ин самт то ҳол ҳеҷ муваффақ нашудааст.

Ёдрас мешавем, ки раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон соли гузашта эълнон карда буд, ки агар то охири сол вазъи молии “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” беҳбуд нашавад, эҳтимол иҷозатномаи онҳо бозхонд шавад.

Қобили зикр аст, ки яке аз бонкҳои низомсози Тоҷикистон – “Тоҷиксодиротбонк” аз аввали соли 2016 ба вазъи душвори молиявӣ дучор шуд.

Барчаспҳо:
фурӯши саҳмияҳо, саҳмия, фурӯш, мушкилот, Бонки Миллӣ, Тоҷиксодиротбонк, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ