09:45 19 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.57
  • RUB0.15
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Раҳмон хост маблағгузории тарҳҳои муштараки СҲШ тезонида шавад

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
190 0 0

Зимни суханронӣ дар кори ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сарони давлатҳоро ба густариши ҳамкории кишварҳо дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, таҳия ва маблағгузории лоиҳаҳо дар бахшҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, ҷалб кард

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Имрӯз ар шаҳри Бишкеки Қирғизистон нишасти Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар кори он  Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ кард, хабар медиҳад котиботи раисиҷумури Тоҷикистон.

Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай нахуст дар ҳайати маҳдуд бо ширкати сарони давлатҳои Тоҷикистон, Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Ҳиндустон ва Покистон ҷараён гирифт.

Дар ҷаласа ҳолат ва дурнамои рушди СҲШ, вазифаҳои аввалиндараҷаи таҳкиму таъмиқи ҳамгироӣ дар бахшҳои сиёсат, иқтисод, амният дар ҷаҳорчуби созмон дар шароити муосир, вазъ дар минтақа, инчунин дигар мавзуъҳои мубрами дорои аҳамияти минтақавию ҷаҳонӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Дар ҷаласаи ҳайати васеъ сарони давлатҳою ҳукуматҳои нозир аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Белорус, Муғулистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, дабирони кулл ва намояндагони СММ, СҲШ, раёсати СААД, ИДМ, инчунин намояндагони воломақоми дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ иштирок карданд.

Бино ба иттилоъи манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай нахуст ба ҷониби Қирғизистон ва Сооронбой Жээнбеков барои созмондиҳии шоистаи ин ҳамоиш ва меҳмоннавозӣ арзи қадрдонӣ намуд.

Президенти кившвар вобаста ба вазъ дар Афғонистон, афзоиши хатарҳо дар минтақа, зарурати муборизаи муштарак бар зидди терроризм, экстремизм ва паҳншавии идеологияи ҷинояткоронаи он сузхан кардааст.

"Барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ дар қаламрави СҲШ, Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки масъалаи омӯзиши таъсиси Бонки СҲШ, Фонди рушди СҲШ, инчунин истифодаи имкониятҳои сармоягузории инфрасохтории Бонки Осиё, Иттиҳодияи байнибонкии СҲШ барои маблағгузории лоиҳаҳои муштарак тезонда шавад",-омадааст дар хабарнома.

Зимни суханронӣ дар кори ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таваҷҷуҳи сарони давлатҳоро ба густариши ҳамкории кишварҳо дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, таҳия ва маблағгузории лоиҳаҳо дар бахшҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, ҷалб кардааст.

Пас аз анҷоми суханрониҳо аз ҷониби сарони давлатҳои аъзо Эъломияи Бишкек қабул гардида, дар маҷмуъ 8 санад, аз ҷумла Созишнома байни ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ оид ба ҳамкорӣ дар бахши ВАО, Созишнома байни сохторҳои давлатҳои аъзои СҲШ оид ба ҳамкорӣ дар бахши тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва Нақшаи тадбирҳои асосӣ оид ба рушди ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи тандурустӣ барои солҳои 2019-2021, имзо карда шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ