12:41 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.79
  • RUB0.15
Национальный банк Таджикистана, архивное фото

Бонки миллӣ фаъолияти ТАҚХ “Молия ва сармоя”-ро маҷбуран қатъ кард

© Sputnik
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
390 0 0

Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатӣ фаъолияти Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Молия ва сармоя”-ро қатъ кард

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik.  Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллӣ аз 18 июни соли равон фаъолияти ТАҚХ “Молия ва сармоя” қатъ карда шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Бонки миллӣ.

Тавре Бонки миллӣ эълон намудааст, мутобиқи моддаи 26 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва моддаҳои 8,9 ва 12 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ фаъолияти ТАҚХ “Молия ва сармоя” тариқи барҳамдиҳии маҷбурӣ қатъ карда шуд.

Инчунин Бонки миллӣ таъкид намудааст, ки дар асоси қарори зикршуда иҷозатномаи ТАҚХ “Молия ва сармоя”, ки аз ҷониби Бонки барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудааст, бозхонд карда шуд.

“Самтҳои дигари фаъолияти ташкилотҳои зикргардида дар асоси қарори қабулгардида аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи қонунгузории амалкунанда баррасӣ карда мешаванд”, - эълон намудааст Бонки миллии Тоҷикистон. 

Барчаспҳо:
фаъолият, қатъ, барҳамдиҳӣ, Бонки миллӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ