"Амонатбонк" аз бонки Узбакистон 10 миллион доллар қарз гирифт

© Sputnik / Амир ИсаевВозле главного офиса Амонатбанка в Душанбе. Архивное фото
Возле главного офиса Амонатбанка в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
байни бонки давлатии Тоҷикистон ва Бонки саноат ва сохтмони Узбакистон созишномаи қарзӣ ба имзо расидааст

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Байни Бонки давлатии амонатгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" ва Бонки саноат ва сохтмони Узбакистон  Созишномаи қарзӣ дар ҳаҷми 10 миллион доллари амрикоӣ ва Шартнома оид ба кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ ба имзо расонида шуд.

Подписание соглашения о сотрудничестве между Амонатбанк, Беларусбанк и “РСК БАНК” Киргизии - Sputnik Тоҷикистон
"Амонатбонк”, “Беларусбонк” ва “РСК БОНК” созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонданд

Санадҳои мазкурро  дар шаҳри Тошканд раиси  "Амонатбонк" Сироҷиддин  Икромӣ ва раиси  Бонки саноат ва сохтмони Узбакистон Азиз Воидов имзо гузоштанд. Ҳамзамон дар доираи ба имзо расонидани санадҳои ҳамкорӣ мусоҳибон масоили марбут ба тақвияти ҳамкории байнибонкиро баррасӣ намуданд.

Инчунин, Сироҷиддин Икромӣ дар шаҳри Тошканд бо раиси Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷииУзбакистон Алишер  Мирсоатов мулоқот анҷом додааст.

Дар раванди баррасии масъалаҳои марбут ба таҳкими робитаҳои байнибонкӣ, дар асоси Протоколи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶумҳурииУзбакистон аз 3 апрели соли 2019, масъалаи тағйир додани шартҳои Созишнома қарзӣ дар ҳаҷми 33 миллион доллари  амрикоиро  матраҳ намуданд.

Дар натиҷа Созишномаи иловагӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба бандҳои Созишномаи қарзӣ омода  ва ба имзо расонида шуд.

Лентаи хабарҳо
0