16:24 20 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Денежные купюры. Архивное фото

Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон 100 миллион доллар медиҳад

© Sputnik / Максим Богодвид
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
103 0 0

Лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ дар вилояти Хатлон ва ВМКБ роҳандозӣ хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik.  Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои боло бурдани устувории иҷтимоӣ 100 миллион доллар медиҳад, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Маблағгузории иловагӣ дар доираи барномаи “Тартиби поин овардани хавфҳо” дар ҳаҷми 98,7 миллион доллар, ки дар се лоиҳа истифода хоҳанд шуд, сурат мегирад.

Ду лоиҳа алакай тасдиқ шудааст, аммо лоиҳаи севум дар моҳи июли соли равон баррасӣ хоҳад шуд.

Барои амали намудани лоиҳаҳои тасдиқшуда Бонки ҷаҳонӣ дар ҳаҷми 67 миллион доллар грант ҷудо намудааст. Ҳар ду лоиҳа барои бартараф намудани хавфҳои эҳтиомлӣ ва боло бурдани устувории иҷтимоӣ дар Тоҷикистон равона шудааст.

Барои лоиҳаи севум барои боло бурдани сатҳи иҷтимоиву иқтисодӣ, бонк тасмим гирифтааст 37 миллион доллар ҷудо хоҳад кард.

Таъкид шудааст, ки лоиҳаҳо дар ҷанбуи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва шарқи Тоҷикистон –дар ВМКБ роҳандозӣ хоҳанд шуд.

Манбаъ қайд намудааст, ки лоиҳаҳои мазкур сармоягузориҳои давлатиро ба инфрасохторҳо ва иншооти фарҳангӣ дастгирӣ хоҳад кард.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои беҳтар намудани инфрасохтоҳои обтаъминкунии шаҳри Душанбе дар ҳаҷми 30 миллион доллар грант ҷудо карда буд. Боз 2 миллион доллари дигар барои ҳамин мақсад шаҳрдории Душанбе низ ҷудо карда буд.  

Барчаспҳо:
грант, пул, Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ