Корхонаи “Норд Азия Металл” ба тавлиди бомпӯшҳои металӣ оғоз кард

Обуна шудан
Корхонаи “Норд Азия Металл” дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ба истеҳсоли бомпӯшҳои металӣ оғоз кард

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik.  Дар ноҳияи Спитамен бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими ифтитоҳи навбати дуюми корхонаи “Норд Азия Металл” баргузор шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Нити на фабрике в Канибадаме для производства ковров, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Дар Суғд дар соли 2018 аз 603 корхонаи саноатӣ 530 корхона фаъолият дошт

Бино бар иттилои манбаъ, корхонаи “Норд Азия Металл” фаъолияти худро аз соли 2014 инҷониб ба роҳ монда, танҳо дар панҷ моҳи соли равон ба маблағи беш аз 393 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст. Айни замон корхона истеҳсолкунанда ва таъминкунандаи калонтарини минтақавии қубурҳо ва профилҳои металлӣ маҳсуб ёфта, ашёи хомро аз ширкатҳои калони металлургии Русия ва Қазоқистон дастрас мекунад.

Дар ҳамин ҳол манбаъ қайд намудааст, ки дар корхона истеҳсоли қубурҳо ва профилҳои металлии дорои диаметрҳои гуногуни аз 15 то 165 мм ба роҳ монда шудааст. “Норд Азия Металл” дорои потенсиали истеҳсолии калон барои истеҳсоли қубурҳои мураббаъ, росткунҷа ва даврашакли дорои диаметр ва ғафсии гуногун аст. Айни замон корхона метавонад дар як сол то 60 000 тонна маҳсулот истеҳсол намояд.

Дар доираи барномаи стратегии инвеститсионӣ дар ширкат модернизатсияи истеҳсолот ба роҳ монда шуда, тибқи пешбиниҳо то соли 2020 иқтидори истеҳсолӣ то 90 ҳазор тн./сол расонида мешавад.

Цех по производству пластика, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қатъи фаъолияти се корхона дар Бохтар ва нақша барои соли 2019

Тавре ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ додааст, бо мавриди истифода қарор гирифтани навбати дуюми корхона ҳамакнун истеҳсоли бомпӯшҳои металлӣ низ ба роҳ монда мешавад.

Ба иттилои роҳбарияти корхона бо ифтитоҳи навбати дуюм “Норд Азия Металл” метавонад илова бар қубурҳо ва профилҳои металлӣ солона то 12000 тонна бомпӯшҳои металӣ истеҳсол намояд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки васеъ намудани доираи фаъолияти корхона, ки бо харҷи 8 миллион сомонӣ бунёд шудааст, 20 нафарр бо ҷойи кор таъмин намуда, аз 2000 то 2500 сомонӣ маош хоҳанд гирифт.

Лентаи хабарҳо
0