13:59 08 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Роҳи Варзоб, акс аз бойгонӣ

Эълони IRS дар бораи пулгирӣ бо корт

© Sputnik / Амир Исаев
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
238 0 0

Ширкати IRS, ки ба ҷамъоварии пул дар масири Душанбе – Чаноқ машғул аст, эълон кард, ки хадамоташро тариқи пардохти ғайринақдӣ ироа мекунад

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. IRS бо нашри як изҳорот эълон кард, ки ронандагон минбаъд метавонанд пул ба ин ширкатро тариқи кортҳои троллингӣ пардохт кунанд.

“Бо мақсади тавсеа бахшидани пардохти ғайринақдӣ ва нисбатан қулай намудани гузариши воситаҳои нақлиёт аз тариқи плазаҳои толлингӣ аз шумо хоҳиш менамоем, ки ба мутахассисони филиали Ширкат, ки дар ҳар плаза қарор доранд, муроҷиат ва аз ин намуди хидматрасонӣ истифода намоед”, - таъкид кардааст ширкат дар хитоб ба ронандагон.

Ин ширкат таъкид кардааст, ки гузаштан ба пардохти ғайринақдӣ ба манфиати ронандагон хоҳад буд.

Ин дар ҳолест, ки охири соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат тамоми ниҳодҳои давлатиро муваззаф карда буд, ки то 1 апрели соли 2019 пешниҳоди ҳамаи хадамот ба аҳолиро тариқи пардохти ғайринақдӣ фароҳам кунанд.

Бар асоси қарори Ҳукумат, вазорату идораҳои давлатие, ки ба ироаи хадамоти пулакӣ машғуланд, ба таври ҳатмӣ муваззаф шуда буданд, ки аз 1 апрели соли ҷорӣ дар баробари пули нақд ҳамаи навъҳои пардохтҳои электрониро барои ҳамаи намуди хадамот қабул кунанд.

Барчаспҳо:
пардохт, роҳ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ