02:43 08 августи 2020
Пахши мустақим
  • RUB0.14
  • USD10.31
  • EUR12.20
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
136 0 0

Дар вилояти Газиантепи Туркия имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ шуд

ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. Рӯзҳои 18-19 июни 2019 сафари ҳайати сафорати Тоҷикистон дар Туркия ба вилояти Газиантеп сурат гирифт. Ҳайатро дар ин сафар раиси Шурои соҳибкорони Туркия ва Тоҷикистон Маҳмуд Эр ҳамроҳӣ намуд.

Бино ба иттилои ВУХ Тоҷикистон, дар доираи он сафар, мулоқоти ҳайат бо раиси вилояти Газиантеп Давут Гул, муовини раиси шаҳри Газиантеп Усмон Топрак, раиси Палатаи саноати шаҳри Газиантеп Аднон Унвердӣ ва раиси Иттиҳодияи содироткунандагони ҷанубу шарқи Анадолу (GAİB) Аҳмет Каплан баргузор гардиданд.

Дар рафти мулоқотҳо доираи васеи масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои миёни ду кишвар, бахусус бо минтақаи Газиантеп дар соҳаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ ва дурнамои ин ҳамкориҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар доираи сафар ҳамзамон дар мақаери Палатаи саноати вилоят мулоқоти ҳайати сафорат ва шарикони туркӣ -  раиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Туркия, намояндаи тиҷоратии  Туркия дар Тоҷикистон ва дигар кормандони ДЕИК бо  соҳибкорони вилоят баргузор карда шуд, ки дар он муаррифии имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон сурат гирифт.

Мавзӯъҳои асосӣ