00:19 27 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.26
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
420 0 0

Тоҷикистон мушорикати Эронро барои идомаи сохти нақби “Истиқлол” дар ин кишвар хостор шуд

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Бино бар гузориши хабаргузории “Parstoday”, Тоҷикистон аз Эрон хостааст, ки дар идомаи сохти нақби “Истиқлол”, ки шимоли ин кишварро ба Душанбе пайванд медиҳад, ширкат кунад.

Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ин дархост ҳамзамон бо сафари ахири раисҷумҳури Эрон ба Душанбе ва дар дидор бо Ризо Ардакониён, вазири нерӯи Эрон ва раиси комиссиюни муштараки иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон матраҳ шудааст.

Гуфтушунид бо Эрон барои анҷоми сохтмони нақби "Истиқлол"

Гуфта мешавад, дар марҳалаи дувуми сохти нақби “Истиқлол” қарор аст иқдомоте ҳамчун насби рӯшноӣ ва имконоти эминӣ аз оташсӯзӣ дар ин нақб анҷом шавад.

Бар асоси муҳосиботи аввалияи ин марҳала аз сохти нақби “Истиқлол” 8 миллион доллар ҳазина дорад, ки Эрон бар асоси тавофуқ бо Тоҷикистон барои пардохти ниме аз ин маблағ эъломи омодагӣ кардааст ва бахши дигарро Тоҷикистон таъмин хоҳад кард.

Сохти нақби “Истиқлол” бо тавофуқи Тоҷикистон ва Эрон дар соли 2003 шуруъ шуд. Ҳазинаи ин тарҳ 39 миллион доллар баровард шуд, ки 10 миллион доллари онро Эрон ва 7 миллиону 800 ҳазор доллари онро Тоҷикистон ихтисос дод.

Нахуствазир дар нақби “Истиқлол” бо коргарону муҳандисон вохӯрд

Ҳамчунин Эрон беш аз 21 миллион доллари боқимонда барои иҷрои ин тарҳро дар қолаби вом ба Тоҷикистон пардохт кард.

Маросими баҳрабардорӣ аз нақби “Истиқлол” бо мушорикати Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод, раисҷумҳури вақти Эрон дар соли 2006 баргузор шуд.

Барчаспҳо:
даъват кардан, сохтмон, гуфтушунид, ифтитоҳи нақби Истиқлол, нақби "Истиқлол", Эрон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ