07:55 20 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Строительство СП Талко Голд в Согдийской области

Аҳмадзода: ҳангоми сохтмони корхонаи “Талко Голд” ба ҳифзи муҳити зист аҳамият диҳед

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской области
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
497 0 0

Корхонаи муштараки “Талко Голд” дар мавзеъи Кончочи ноҳияи Айни бунёд гардида истодааст

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ахиран дар ноҳияи Айнӣ бо ҷараёни сохтмони корхонаи бузурги саноатӣ - ҶСП “Талко Голд” ошно гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, ин корхонаи бузурги саноатӣ дар заминаи маъдани кони Кончоч, ки иборат аз се қитъа, яъне Чулбои, Кончоч ва Шахкон мебошад, сохта ба истифода дода мешавад.  

Тибқи иттилои манбаъ, дар ин кон захираи панҷ унсури кимиёӣ, аз ҷумла тиллову сурма асосӣ ва нуқра, симоб, флюорит ҳамчун унсурҳои ҳамроҳ ҳисобу китоб шуда, ба тавозуни захираҳои давлатӣ гузошта шудаанд.

Бунёди 88 корхона дар Суғд

“Ҳамаи унсурҳои кимиёии зикргардида дар кишвари мо истихроҷ ва коркард шуда, тилло, нуқра ва сурма дар шакли маҳсулоти ниҳоӣ, яъне металл истеҳсол карда мешаванд” Баробари ба истифода додани ин корхона Тоҷикистон метавонад аз рӯи истихроҷ ва истеҳсоли сурма дар ҷаҳон баъд аз Чин ва Русия ба ҷойи сеюм баромада, дар ҷодаи саноатикунонии иқтисодиёт боз як қадами устувор гузорад”, - таъкид намудааст манбаъ.

Рустам Эмомалӣ: дар як сол 22 корхона бунёд кардем, дар се сол 74 коргоҳи дигар месозем

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд пас аз шиносоӣ бо ҷараёни корҳо бо намояндагони ҶСП “Талко Голд” мулоқот намуд.

Раиси вилояти Суғд зимни мулоқот, қайд намуд, ки ҳангоми бунёди корхона ба масъалаи ҳифзи муҳити зист низ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.

Манбаъ зикр намудааст, ки як сол инҷониб корҳои сохтмонӣ дар ин корхонаи бузурги саноатӣ идома дорад. То имрӯз ҳудуди 5 километр нақб барои истихроҷи тилло, сурма ва дигар металҳо кофта шуда, дигар корҳо низ бо суръат пеш мераванд.

Барчаспҳо:
Айнӣ, Суғд, тилло, корхона, ТАЛКО, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ