17:31 17 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Изатулло Сатторӣ, вазири кишоварзии Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Вазъи мардум хуб шудааст: вазири тоҷик сабаби қиматшавии гӯштро гуфт

© Sputnik / Амир Исаев
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
523905

Изатулло Сатторӣ, вазири кишоварзии Тоҷикистон камбуди гӯштро дар кишвар рад карда, изҳор дошт, ки дар бозорҳо гӯшти чорвои калон, чорвои хурд ва ҳам парранда пешниҳоди мизоҷон шудааст

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Сатторӣ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, гӯшт дар бозорҳо ҳаст, аммо нарх каме боло рафтааст. Вазири тоҷик болоравии нархи гӯштро ба афзоиши талабот ва хуб шудани вазъи мардум рабт дод.

“Вазъи некуаҳволии мардум хуб шудааст. Вақте вазъи некуаҳволӣ хуб шуд, мо ба маҳсулоти бештар ниёз дорем”, - изҳор дошт Сатторӣ.

Ӯ иддаои бархе, ки болоравии гӯштро ба берун кардани чорво аз шаҳри Душанбе рабт додаанд, бепоя хонда, изҳор дошт, ки дар ягон давлат чорвопарварӣ дар дохили шаҳр иҷозат нест. Вазир таъкид кард, ки берун кардани чорво аз Душанбе аз нигоҳи санитарӣ эпидемиологӣ иқдоми хуб аст. Сатторӣ афзуд, дар Тоҷикистон чарогоҳҳои зиёданд, ки хоҷагидорон бояд чорворо берун аз шаҳр парвариш кунанд.  

Тибқи иттилои Вазорати кишоварзӣ дар тайи шаш моҳи аввали соли равон дар кишвар 73 ҳазору 996 тонна гӯшт истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 фоиз ё 3681 тонна зиёдтар мебошад.

Ин дар ҳолест, ки феълан нархи гӯшт дар Тоҷикистон ҳудуди 50 сомониро ташкил медиҳад, ки боиси норозигии бисёре аз шаҳрвандон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ