22:52 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Здание Счетной палаты РТ. Архивное фото

Зимни 156 санҷиши аудиторӣ беш аз 88 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид

© Sputnik Амир Исаев
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
81 0 0

Палатаи ҳисоб эълон намудааст, ки шаш моҳи соли равон зимни 156 санҷиши аудиторӣ 88 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардидааст

ДУШАНБЕ, 19 июл – Sputnik. Кормандони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон зимни гузаронидани 156 санҷиши аудиторӣ дар   вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидори  давлатӣ,  марказ ва гурӯҳҳои  татбиқи лоиҳаҳои  сармоягузорӣ, бонкҳо ва дигар  муассисаҳои буҷетӣ  беш аз 88 миллион сомонӣ  зарари молиявиро муайян намуданд.

Дар ин бора раиси Палатаи  ҳисоби Тоҷикистон  Қарахон Чиллазода  дар нишасти матбуотӣ  доир ба натиҷаҳои  фаъолияти мақомоти олии назорати молиявии кишвар  дар шашмоҳаи аввали соли равон ба хабарнигорон иттилоъ  дод.

Рӯйпуш мекарданд: Ошкоршавии 119 ҳазору 546 сомонӣ зарари молӣ дар Вазорати фарҳанг

Ба гуфтаи Қарахон Чиллазода, аз маблағи умумии  зарари молиявии ошкоргардида 4,4 миллион сомонӣ  хароҷоти  ғайриқонунии пулию молӣ,  3,7 миллион сомонӣ  камомаду тасарруфи  воситаҳои  пулию молӣ,  беш аз 37 миллион сомонӣ  талафи воситаҳои   пулию  молӣ, зиёда аз 30 миллион сомонӣ  маблағи  кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо,   беш аз 11 миллион сомонӣ  изофанависӣ дар корҳои  таъмиру сохтмон,   зарар аз фурӯш ва  иҷораи  амволи давлатӣ  зиёда аз 273 ҳазор сомонӣ ва  пардохт накардани маблағи суди саҳмияҳо қариб 439 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

 Ҳамзамон дар ин давра  аз ҷониби кормандони мақомоти олии назорати молиявӣ   барои  бартараф намудани  камбудию  норасоиҳои  зимни санҷишҳои ошкоргардида тадбирҳои мушаххас  андешида, ба буҷет  ва муассисаю ташкилотҳо  зарари молиявӣ  ба маблағи 41,1 миллион сомонӣ барқарор карда шуд.

Ёдрас мешавем, ки роҳбарияти Палатаи ҳисоби Тоҷикистон зимни нишасти матбуоотӣ гуфт, кормандони палата сар аз якуми августи соли равон санҷиши аудиториро дар ширкати “Барқи тоҷик” оғоз хоҳанд кард ва пас аз якуним моҳ натиҷаҳои санҷишро ироа хоҳанд дошт.

Палатаи ҳисоб: қариб 160 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуд

Ба гуфтаи вай, нақшаи ҳама гуна санҷишҳо аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар тасдиқ карда мешаванд ва аз соли 2013 инҷониб дар ширкати мазкур санҷиши аудитӣ гузаронида нашудааст.

Барчаспҳо:
санҷиш, зарар, Палатаи ҳисоби Тоҷикистон, Палатаи ҳисоб, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ