17:09 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Нуриддин Саид, вазири маорифи Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Фабрика месозем: вазир овозаҳо дар бораи попӯши ягонаи талабаҳоро шарҳ дод

© Sputnik / Амир Исаев
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
391000

Нуриддин Саид, вазири маорифи Тоҷикистон, сарусадо дар бораи роҳандозии пойафзори ягона дар макотиби кишварро шарҳ дода, ҷонибдорияшро аз таъмини мактаббачаҳо бо попӯши истеҳсоли ватанӣ баён кард.

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Нуриддин Саид имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суол, ки "модоме либос дар макотиб ягона аст, сарусадо аст, попӯш низ ягона мешавад", изҳор дошт, ки ният доранд дар назди коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон фабрикаи истеҳсоли пойафзори бачагонаро таъсис диҳанд. Ӯ афзуд, ки барои роҳандозии ин иқдом ҳамкорон аз Ҳиндустон ҷалб шудаанд.

Вазири маориф тавзеҳ дод, ки дар кишвар ба ғайр аз донишҷӯён ду миллион хонанда мавҷуд мебошад.

“Тасаввур кунед, ду миллион хонанда ба ғайр аз студентҳо дорем. Агар мавсимӣ як хонанда се ҷуфт пойафзор пӯшад, солона шаш миллион ҷуфт ва шояд аз ин бештар шавад”, - ҳисоб кард Нуриддин Саид.

Ӯ афзуд, ки дар гӯшаю канори мамлакат марҳила ба марҳила истеҳсоли пойафзори бачагона роҳандозӣ мешавад ва соҳибкорони ватанӣ низ ба ин раванд ҷалб мегарданд.  

“Гумон мекунам, ин қарор дуруст аст. Майда- майда истеҳсоли пойафзорро сар мекунем, фурӯш озод мешавад”, - таъкид намуд вазири маориф ва дар идома изҳор дошт, ки попӯши ягона ҳатмӣ нахоҳад шуд.

Ӯ ин иқдомро ҳам барои иқтисодиёти мамлакату истеҳсолоти ватанӣ муфид хонда, шарҳ дод, ки бояд дар доираи чорабиниҳои воридотивазкунанда ин кор анҷом дода шавад.

Мавзӯъҳои асосӣ