Мошин 100 ҳазор доллару нархи хона миллионҳо: посухи раиси "Тоҷиксуғурта" ба шикваҳо

© Pixabay / Maklay62Чемодан с деньгами, архивное фото
Чемодан с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шуҳрат Мақсудзода, раиси “Тоҷиксуғурта” иддао дар бораи ночиз будани пардохтҳои суғуртавӣ дар кишварро шарҳ дода, гуфт, агар амвол бо арзиши аслӣ суғурта шавад, пардохтҳо ҳам баробарвазн хоҳанд буд

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Мақсудзода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон одатан амволро бо нархи ба маротиб поинтар аз арзиши аслӣ суғурта мекунанд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Тағйроти кадрӣ: Раҳмон мақомдорони Кумитаи андозу Вазорати нақлиётро ҷо ба ҷо кард

Ӯ бархе мошинҳоро зикр намуд, ки дар асл то 100 ҳазор доллар арзиш доранд, аммо бо 10 ҳазор сомонӣ суғурта сабт мекунанд. Ё ки бо якчанд миллион хона месозанд, аммо бо нархи 50-60 ҳазор сомонӣ суғурта мекунанд, иттилоъ дод раиси “Тоҷиксуғурта” ва таъкид намуд, ки агар соҳибмулкон бо арзиши аслӣ амволашонро суғурта кунанд, метавонанд пардохтҳои баробарвазн гиранд.

Ӯ дар маҷмуъ изҳор дошт, ки мардуми Тоҷикистон аз хадамоти суғурта огоҳии кам дошта, намедонанд аз чӣ навъи суғурта метавонанд истифода баранд. Раиси “Тоҷиксуғурта” ин вазъро ба кам будани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ рабт дод.

Шуҳрат Мақсудзода инчунин аз офатҳои ахири табиӣ дар навоҳии гуногуни Тоҷикистон, ки хисороти зиёд дар пай доштанд, зикр карда, бо таассуф афзуд, ки дар бархе навоҳӣ ҳатто як дарсади шаҳрвандон амволашонро суғурта накардаанд.

Ӯ ба зарурати рақобат дар бозори суғурта таъкид намуда, афзуд, ки марҳила ба марҳила ин бозор майли афзоиш дорад ва даҳҳо ширкат феълан дар ин соҳа фаъолият мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0