20:14 17 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Нурмахмадзода Джамшед Председатель Национального банка Таджикистана, архивное фото

Захираҳои арзу тиллои Бонки миллӣ дар бонкҳои Швейтсарияву Олмон захира мешудааст

© Пресс-служба президента РТ
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
722 0 0

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъкид кард, ки ҳаҷми захираҳои байнулмилалии тиллову асъори Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) то ба сатҳи 5,2 моҳи рӯйпӯш кардани воридот расонида шуд

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки милии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт захираҳои арзу тиллои Тоҷикистон дар ду кишвар аврупоӣ захира мешаванд.

Бонки миллии Тоҷикистон
© Фото : Пресс-служба президента Таджикистана

Тавре раиси Бонки миллӣ қайд намуд, захираҳои арзу тиллои кишвар дар бонкҳои Швейтсария ва Олмон нигоҳдорӣ мешаванд.

Бонки миллӣ захираҳои арзии Тоҷикистонро дучандон афзуд

Инчунин, вай қайд намуд, ки ҳаҷми захираҳои байнулмилалии арзу тиллои Бонки миллии Тоҷикистон афзоиш ёфта то ба сатҳи 5,2 моҳи рӯйпӯш кардани воридот расонида шуд.

Тоҷикистон дар рейтинги “тиллои”-и ҷаҳон 67-ум шуд

Қаблан Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллӣ қайд кард, ки мувофиқи меъёрҳои байнулмиллӣ ва тибқи арзёбии коршиносони соҳа, сатҳи ҳадди ақали имконпазир (раво)-и захираҳои байнулмилалии кишвар бояд ба 3 моҳ баробар бошад.

Барчаспҳо:
афзоиш, захираҳои арзиву тилло, Бонки миллии Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ