Маоши миёна дар Тоҷикистон боло рафт: кӣ музди каму кӣ зиёд мегирад?

© Sputnik / / Игорь ЛекаркинПодсчет денег, архивное фото
Подсчет денег, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гузориш дод, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ маоши миёна дар Тоҷикистон 12,6 дарсад афзоиш ёфт

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Эмин Сангинзода, муовини аввали вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, маоши миёна дар кишвар феълан 1 ҳазору 350 сомонӣ, муодили 143 доллари амрикоӣ мебошад.

Хакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Ҷустуҷӯи ёвар барои раиси Хатлон ва 8 мансаби холии дигар: маош аз 696 то 1387 сомонӣ

Ин нишондод дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 151 сомонӣ - ҳудуди 15 доллар, ё 12,6 дарсад бештар мебошад, гузориш додааст ТоҷикТА аз қавли Сангинзода.

Манбаъ афзуд, ки музди болотаринро кормандони саноати истихроҷ мегиранд.

“Музди моҳонаи кормандони саноати истихроҷ  2 ҳазору 609,7 ҳазор сомонӣ - 276,5 доллар аст”, - изҳор доштааст муовини аввали вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.

Сангинзода инчунин иттилоъ додаст, ки кормандони бахши сохтмон ҳудуди 2 ҳазору 536,8 ҳазор сомонӣ, кормандони соҳаи барқу обрасонӣ ба ҳисоби миёна 2 ҳазору 74,8 сомонӣ маош доранд.

Бар асоси омори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, музди моҳонаи кормандони кишоварзӣ, шикор ва ҷангалдорӣ 539 сомонӣ - 57,1 доллар буда, ин музди пасттарин дар кишвар мебошад.

Лентаи хабарҳо
0