Нуралиев гуфт, чаро бонкҳои Тоҷикистон замони буҳрон нотавон шуданд

© Национальный банк РТПервый Зампред Нацбанка РТ Джамолиддин Нуралиев, архивное фото
Первый Зампред Нацбанка РТ Джамолиддин Нуралиев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар бораи

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Ҷамолиддин Нуралиев гуфт, чаро бонкҳои Тоҷикистон дар муқовимат бо буҳрони панҷ сол пеш истодагӣ карда натавонистанд.

Рӯзи 25 июл дар БМТ дар доираи кӯмаки техникии Бонки Ҷаҳонӣ “Оид ба идоракунии корпоративӣ барои саҳомон, Шурои нозирон ва раёсати ташкилотҳои қарзӣ” бо ширкати Ҷамолиддин Нуралиев, намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Ян Петер Олтерс, саҳомон, аъзои Шӯрои нозирон ва роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ семинар баргузор шудааст. 

Нуралиев, зимни баромади худ дар ин семинар гуфтааст, дар бонкҳое, ки низоми идоракунии корпоративиашон дуруст ба роҳ монда нашудааст, барои тамоми низоми молиявии кишвар хавф эҷод мекунанд.

"Маҳз бинобар надоштани низоми мукаммали идоракунии корпоративӣ дар давраи буҳрони иқтисодии панҷ сол қабл бонкҳо натавонистанд ба шокҳои беруна муқовимат кунанд ва ба мушкилот гирифтор шуданд, ки имрӯз ба низом таъсири бевоситаи худро мерасонанд", - гуфтааст Нуралиев зимни семинар дар БМТ.

Первый Зампред Нацбанка РТ Джамолиддин Нуралиев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баррасии таъмини Тоҷикистон бо интернети босуръат ва хоҳиши Нуралиев аз Бонки ҷаҳонӣ

Ӯ илова кардааст, ки аз ин рӯ, Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи низоми идоракунии корпоративиро дар соҳаи бонкӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятнок дар сиёсати ислоҳоти худ қарор дода, тайи чанд соли охир баҳри тақвият бахшидани он тадбирҳои зарурӣ меандешад, ки дар ин росто шарикии институтҳои байналмилалӣ низ саҳм доранд.

Нуралиев ҳамзамон таъкид кардааст, ки мақсади ниҳоии низоми идоракунии корпоративӣ – ин ташаккул ва баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ буда, ба устуворӣ ва эътимоднокии фаъолияти минбаъдаи ташкилотҳои қарзӣ мусоидат менамояд.

"Зеро ташкилотҳои қарзӣ ҳамчун миёнаравҳои молиявӣ бо ҷалби сармоя ва ба ин васила дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, дар рушди иқтисодиёт нақши муҳим мебозанд", - гуфтааст ӯ. 

Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Олтерс гуфтааст, ки Бонки ҷаҳонӣ дар ҳамбастагӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ба муҳиммияти идоракунии корпоративӣ диққати махсус зоҳир намуда, оид ба мукаммал намудани санадҳои меъёрию ҳуқуқии вобаста ба идоракунии корпоративии ҷавобгӯ ба таҷрибаи байналмилалӣ чораҳои дахлдор меандешанд.

Лентаи хабарҳо
0