Аз Нурмуҳаммадов то Бузова: даромади ситораҳои ҷавони Русия чанд аст

© Sputnik / Саид ЦарнаевЧествование Хабиба Нурмагомедова в Махачкале
Чествование Хабиба Нурмагомедова в Махачкале - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Forbes ин бор роҳро ба ҷавонони сердаромад кушода, синну соли ниҳоиро барои воридӣ шудан ба феҳрист, то 40-сола муқаррар кардааст

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Нашриёти Forbes феҳристи ҷавонони муваффақи то 40-солаи Русияро нашр кардааст.

Нашриёт қайд карда, ки феҳристи доротарин ситораҳоро оғоз аз соли 2005 омода мекунад ва бори аввал синну солро маҳдуд кардааст, то ситораҳое чун Филипп Киркоров, Григорий Лепс, Стас Михайлов ва дигарҳо роҳро барои ҷавонон кушоянд.

Азизджон Азими, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нахустин дар таърих: ҷавони 20-солаи тоҷик дар феҳристи маҷаллаи Forbes

Аз рӯйхати соли гузашта ба феҳристи имсола танҳо 18 кас ворид шудааст.

Даромад дар умум кам шудааст, вале наонқадар чашмрас: агар соли гузашта ба як кас 4,2 миллион доллар рост омада бошад, имсол ин нишондод 3,2 миллионро ташкил медиҳад.

Барои ворид шудан ба феҳрист агар ҳар сол сари ҳисоб аз 900 ҳазор доллар оғоз шуда бошад, имсол 500 ҳазор долларро басанда донистаанд.

Дар баробари ин синну соли воридшавӣ ба феҳрист, то 31-сола поён оварда шуд, ки пеш 40 сол буд.

Дар ҷои аввали феҳрист қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов, ҷой гирифтааст. Даромади солонаи ӯ 11,5 миллион долларро ташкил медиҳад.

Дар мақоми дуюм овозхон - Олга Бузова (4,4 миллион), сеюм — хоккейбоз Александр Овечкин (14,5 миллион) ҷой гирифтааст.

Миёни ҷавонони навворидшуда, дар сатри поёнтарин  — 13-ум — рэпери 25-сола Элҷей, ҷой гирифтааст. Forbes даромади солонаи ӯро  1,5 миллиона доллар арзёбӣ кардааст.

Дӯсташ, блогер ва муҷрии барномаҳои телевизионӣ Настя Ивлеева, дар сатри баъдӣ 14-ум ҷой гирифтааст.

Даромади ӯ 900 тысяч доллар гуфта шудааст. 

Гуфта мешавад, ки барои омода кардани феҳрист ғайр аз даромад, ёдоварӣ дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба назар гирифта мешавад.

Лентаи хабарҳо
0