06:19 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Дастгоҳи ҳисобкунӣ, акс аз бойгонӣ

Кори зиёновари 863 корхона ва фаъолияти бефоидаи 481 ташкилот дар Душанбе

CC0 / Pixabay
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
146 0 0

Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, тайи 6 моҳи аввали соли ҷорӣ 863 корхонаю ташкилот дар пойтахт фаъолияташонро бо зарар ҷамъбаст кардаанд

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, инчунин 481 корхонаю ташкилот фаъолияташонро дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ бо сифр, бидуни фоида ҷамъбаст кардаанд.

Манбаъ теъдоди субъектони хоҷагидори барҳамдодашуда дар нимсолаи аввали соли равонро 2,6 ҳазор адад арзёбӣ кардааст.

“Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар ин давра ба 42 ҳазору 156 адад расидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,2 фоиз ё 1314 адад зиёд мебошад. Дар ин давра 3,9 ҳазор субъект таъсис дода шудааст, ки нисбат ба субъектони барҳамдодашуда 1,3 ҳазор адад зиёд мебошад”, - омадааст дар иттилоия.

Дар ҳамин ҳол бар асоси омори шаҳрдорӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1,3 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,8 фоиз зиёд мебошад.

Манбаъ афзуд, ки дар маҷмӯъ ба ҳолати 1 июни соли ҷорӣ аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда, 9 293 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис ва барқарор карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32,1 фоиз зиёд мебошад.

Мавзӯъҳои асосӣ