Тоҷикистон ва Русия ба созишнома оиди таҳвили нафт тағйирот ворид мекунанд

© Sputnik Рукопожатие, архивное фото
Рукопожатие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон ва Русия ҳанӯз моҳи феврали соли 2013 созишнома дар мавриди таҳвили махсулоти нафтиро ба имзо расонида буданд

ДУШАНБЕ, 31 июл - Sputnik. Имрӯз ҳукумати Русия  қарордод миёни ин кишвар ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафтро мавриди бозбинӣ қарор медиҳад, хабар додааст дафтари матбуоти девони вазирони Русия.

Нефть, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон тавлиди нафтро каму воридоти маводи нафтиро зиёд кардааст

Бар хабари манбаъ, ҷонибҳо масоили ворид намудани тағйиру   иловаҳо ба қарордод дар бораи ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтиро мавриди  баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Ҳар тонна маводи нафтии воридотӣ ба Тоҷикистон 645 доллар нарх дорад

Ёдовар мешавем, ки ин созишномаро Ҳукумати Тоҷикистон ва Русия  моҳи феврали соли 2013 ба имзо расонида буданд.

Он ба ҳалли ҳамкориҳои тарафайн дар таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Оймуҳаммадзода: Тоҷикистон дорои нафту гази зиёд аст, аммо истихроҷи онҳо мушкил мебошад

Тахмин карда шуд, ки ин санад ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ  миёни Тоҷикистону Русия хидмат хоҳад кард.

Маврид ба зикр аст,  маҳсулоти нафтие, ки Тоҷикистон аз Русия  дастрас мекунад, ҳуқуқи ба кишвари саввум содирот карданро надорад.

Дар сурати нақзи талаботи Русия аз ҷониби Тоҷикистон кишвари содиркунанда метавонад таҳвили ин навъ маҳсулотро боз дорад.

Лентаи хабарҳо
0