18:17 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Нуқтаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, акс аз бойгонӣ

Ташкили гӯшаҳои озод аз андозу иҷорапулӣ барои таъмини арзонӣ дар Хуҷанд

© Sputnik / Стас Этвеш
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
128 0 0

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дастур додааст, ки дар нуқтаҳои гуногуни шаҳри Хуҷанд “Гӯшаи деҳқон” ташкил карда шавад

ДУШАНБЕ, 2 авг - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, бо дастури Раҷаббой Аҳмадзода дар 10 минтақаи шаҳри Хуҷанд «Гӯшаи деҳқон» ташкил карда шуд.

Манбаъ ҳадафи ташкили гӯшаҳоро таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастархони сокинону меҳмонони маркази вилоят арзёбӣ кардааст.

“Ташкили чунин гӯшаҳо дар маҳаллаҳои “Темурмалик”, “Суғдиён”, “Мевағул”, “Ваҳдат”, “Дӯстии халқҳо”, “Чорчароғ”, “Масҷиди савр” ва ғайраҳо имкон фароҳам овардааст, ки мардум маҳсулоти тару тозаро бо нархҳои дастрас бидуни миёнарав аз дасти якум харидорӣ намоянд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ таъкид кардааст, ки дар «Гӯшаи деҳқон” барои то 10 нафар ҷойи фурӯшӣ пешбинӣ шуда, нафароне, ки дар он молу маҳсулоти хоҷагии кишоварзиро мефурӯшанд, аз пардохти андоз ва ҷойпулӣ комилан озод мегарданд.

Ташкили гӯшаҳои деҳқон дар манотиқи гуногуни кишвар барои поин бурдани нархи маҳсулоти кишоварзӣ роҳандозӣ мешавад. Одатан дар чунин нуқтаҳо маҳсули дасти деҳқон бо нархи нисбатан пасттар аз бозор пешниҳоди мизоҷон мегардад.

Мавзӯъҳои асосӣ