22:33 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Наврӯз Валиев - раиси минтақавии Бонки миллӣ дар Хуҷанд

Валиев сабаби вазъи мураккаби бозори асъор ва омилҳои фишор ба қурби сомониро гуфт

© Sputnik
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
165 0 0

Раиси шӯъбаи минтақавии Бонки миллӣ дар Хуҷанд дар бораи вазъи мураккаби бозори асъор ва омилҳои фишор ба қурби пули миллиро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Наврӯз Валиев, раиси минтақавии Бонки миллӣ дар Хуҷанд гуфт, ки зиёд шудани касри савдои хориҷӣ аз ҳисоби воридоти маҳсулот, вазъи бозори асъорро мураккаб сохта, ба пастравии қурби пули миллӣ боис гардидааст.

Ба иттилоъи ӯ, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ дар  Суғд  дар маҷмӯъ 224, 5 миллион доллар буда, дар муқоиса ба соли гузашта ба андозаи 20, 2 % коҳиш ёфтааст. Дар ин давра ҳаҷми маҳсулоти воридотӣ ба беш аз 562 милион доллар афзудааст.

“Мо ҳамагӣ ба хориҷи кишвар ба маблағи 224, 5 миллион доллар бор фурӯхтем, лекин аз хориҷи кишвар ба маблағи 787, 4 миллион доллар бор харидем. Фарқ байни ин рақам ҳудуди 562, 9 миллион доллар аст. Яъне барои харидани бор аз хориҷа маблағи фурӯши маҳсулоти мо кифоят накарда боз ҳам 562, 9 миллион доллар лозим буд. Ин ҳолат вазъи бори асъорро дар ин давра бисёр мураккаб сохт ва дар бисёр ҳолатҳо лаппишхурии қурби пули миллӣ дида мешуд”, -  афзуд Наврӯз Валиев.  

Раиси минтақавии Бонки миллӣ дар Хуҷанд дар нишасти хабарӣ гуфт, ки ба ҳисоби молу маҳсулотҳое, ки характери стратегӣ доранд: воситаҳои нақлиёт, маҳсулоти нафтӣ, гандум ва фузулоти маъдан, инчунин талаботи мардум аз ҳисоби маҳсулотҳои биринҷ, ҳасиби маҳсулотҳои гӯштӣ, гӯшти парандаи хонагӣ, афшураи меваҳо, калоба ва ришта қонеъ карда шудааст, ки асосан аз хориҷа ворид шудаанд.  

Дар ҳоле, ки барои истеҳсоли онҳо дар кишвар имкониятҳои васеъ мавҷуданд.

“Ҳамаи ин ба он оварда расонид, ки тавозуни  савдои хориҷии мо ниҳоят зиёд шуда, 562, 9 миллион  долларро ташкил намуд. Ин рақам  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27, 4 % ҳиссаи касри савдоро  зиёд намуд”, - гуфт Валиев.

Дар ин давра аз ҳудуди вилояти Суғд семент, нахи пахта ва маҳсулотҳои маъданӣ ва кишоварзӣ содирот шудаанд.

Барчаспҳо:
пули миллӣ, қурби асъор, Суғд, Бонки миллӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ

  • Озода Раҳмон, роҳбари дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

    Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон хабар дод, ки Озода Раҳмон, раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ дар бахши таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният бо пешниҳоди Шӯрои Маҷлиси мазкур, мақоми ҷадид гирифтааст

    2900
  • Мулоқоти раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

    Раисҷумҳури Русия унвонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъватнома барои иштирок дар 75 - умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ирсол намудаст.

    592
  • Мошини БДА

    Додгоҳи ноҳияи Шаҳринав кашмакаши як ронандаи солхӯрда бо нозири роҳро, ки навори он ба интернет роҳ ёфта буд, баррасӣ карда, ронандаро ба андозаи беш аз 38 ҳазор сомонӣ ҷарима баст

    482