06:20 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Дараи Ромит, акс аз бойгонӣ

Раҳмон дар Ромит маҷмааи сайёҳии “Арху”-ро ба истифода дод

© Sputnik Хуршед Назаров
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
178 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 2 августи соли равон дар дараи Ромит Маҷмааи сайёҳии “Арху” -и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдатро мавриди истифода қарор дод

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, маҷмаа меҳмонхонаи навбунёдеро дар бар мегирад, ки аз 5 ошёна иборат буда, дар мавзеи хушманзара ва канори дарёи пуртуғёни “Арху” қомат афрохтааст.

Манбаъ афзуд, ки меҳмонхонаи мазкур дорои 32 ҳуҷраи дараҷаи олӣ – “делюкс” мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат барои дар деҳоти дурдаст муҳайё намудани чунин шароити истироҳату фароғат изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, тасмими онҳоро намунаи ибрат хондаст.

Бинои дуошёнаи қадима, ки дар шафати рости дарё бо расму русум ва анъаноти ноёгони миллати тоҷик дар масоҳати 168 метри мураббаъ бунёд шудааст, аз қисмҳои дигари маҷмааи мазкур маҳсуб меёбад.

“Деворҳои дохили бино бо сару либос, ҳунарҳои дастӣ аз қабили асбобҳои рузгор, чакану кашидадӯзӣ ва дигар ҳунарҳои қадимаи миллати тамаддунофари тоҷик ба таври зебо оро ёфтааст. Акнун бо истифода аз ин хонаи ба таври тоҷикона ороёфта меҳмонони дохиливу хориҷӣ метавонанд аз урфу оддат ва шароити зисту зиндагонии мардуми тоҷик дар замонҳои гузашта ошноии бештар пайдо намоянд”, - иттилоъ додааст котиботи раисиҷумҳур.

Масъулин ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ додаанд, ки маҷмааи сайёҳии мазкур дар масофаи 70 километр дуртар дар қисми шимолу ғарбии шаҳри Ваҳдат қарор дорад ва масоҳати умумияш 23 гектарро дар бар гирифта, иншооти дар ҳудуди он сохташуда 1500 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Мавзӯъҳои асосӣ