23:49 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Производство меда, архивное фото

Соҳибкори канадагӣ дар Суғд асал истеҳсол мекунад

© Sputnik / Константин Чалабов
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
11910

Дар даҳаи охири моҳи июн тасдиқномаи мақоми субъекти МОИ ба ширкати канадагӣ – Хантана Канада Inc. супорида шуд, ки ҳамчун филиал дар ҳудуди минтақа бо фаъолият машғул хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Сармоягузори канадагӣ тасмим гирифтааст дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд истеҳсоли асалро ба роҳ монад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти МОИ Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, фаъолияти ширкати Хантана Канада Inc ба коркарди сифатноки асал, бастабандӣ ва содироти он, тавассути истифодаи таҷҳизоти замонавӣ равона карда мешавад.

“Раванди истеҳсолӣ дар коргоҳи хурди махсус, ки дар он таҷҳизот ва лавозимотҳои муосир васлу  насб карда шудаанд ба роҳ монда мешавад. Баъд аз тоза кардани асал аз омехтаҳо, маҳсули тозакардашуда ба зарфҳои шишагии ҳаҷмашон 80 мл то 700 мл ва зарфҳои махсуси хурди 7-10 грамма ҷой дода мешавад. Ширкат бо мақсади васеъ намудани маҷмӯи маҳсулот, истеҳсоли асалро бо омехтаҳои гуногуни тароватбахшанда ба нақша гирифтааст”, - таъкид намудааст манбаъ.

Инчунин манбаъ қайд намудааст, ки маблағи сармоягузории корхона зиёда аз 500 ҳазор доллар арзёбӣ шудааст, ки аз ҳисоби маблағҳои худии сармоягузори канадагӣ маблағгузорӣ карда мешаванд.

Дар доираи лоиҳаи мазкур, маҳсулоти тайёр ба бозорҳои Амрико, Канада, Арабистони Саудӣ, АМА, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз лиҳози он ки ин давлатҳо бузургтарин воридкунандаи асал мебошанд, содирот карда мешавад.

Асал, акс аз бойгонӣ
© Sputnik / Константин Чалабов

Манбаъ афзудааст, ки маҳсулоти корхона барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷи аҳолӣ, тарабхонаҳо, қаҳвахона ва марказҳои табобатӣ нигаронида мешавад.

“Хомашё – асали табиӣ буда, аз асалпарварони маҳаллӣ, ки бо онҳо шартномаи пешакӣ баста шудааст, харидорӣ карда мешавад. Зарфҳо ва тамғақоғазҳо барои бастабандӣ аз ширкатҳои чинӣ ва туркӣ харидорӣ карда мешаванд. Дар сурати зиёд гаштани ҳаҷми содирот, ширкати истеҳсол кардани зарфҳои шишагии худро ба нақша гирифтааст”, - иттилоъ додааст МОИ Суғд.

Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуоти МОИ эълон намудааст, ки корхона азми истеҳсоли маҳсулотро аз соли оянда дорад ва то соли 2021 ҳаҷми маҳсулотро ба 55 тонна дар як сол расонданист.

Барчаспҳо:
соҳибкор, Канада, минтақаи озоди иқтисодӣ, минтақаи озоди иқтисодии "Суғд", Суғд, истеҳсол, асал, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ

  • Озода Раҳмон, роҳбари дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

    Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон хабар дод, ки Озода Раҳмон, раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ дар бахши таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният бо пешниҳоди Шӯрои Маҷлиси мазкур, мақоми ҷадид гирифтааст

    3193
  • Мулоқоти раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

    Раисҷумҳури Русия унвонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъватнома барои иштирок дар 75 - умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ирсол намудаст.

    783
  • Мошини БДА

    Додгоҳи ноҳияи Шаҳринав кашмакаши як ронандаи солхӯрда бо нозири роҳро, ки навори он ба интернет роҳ ёфта буд, баррасӣ карда, ронандаро ба андозаи беш аз 38 ҳазор сомонӣ ҷарима баст

    661