19:38 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, акс аз бойгонӣ

Рустами Эмомалӣ нақша барои рушди сайёҳӣ дар Душанберо тасдиқ кард

© Сайт мэрия Душанбе
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
42 0 0

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе нақшаи чорабиниҳо барои рушди сайёҳӣ дар кишвар барои солҳои 2019 – 2022-ро тасдиқ кард

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Қарори Рустами Эмомалӣ дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе барои амалисозии “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2019-2022 рӯзи 8 август имзо шуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, ин иқдоми роҳбари шаҳр дар доираи қарори Ҳукумат “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” амалӣ шуд.

Ҳадаф фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе арзёбӣ шудааст.

Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳо, воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муваззаф шудаанд, барои иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳо дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷавӣ бо ҷалби сармоя ва маблағҳои грантӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

“Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе маблағҳои Нақша-чорабинии мазкурро ҳангоми таҳияи буҷети соли 2020 ва солҳои минбаъда дар буҷети шаҳри Душанбе пешбинӣ намояд”, - омадааст дар қарори Рустами Эмомалӣ.

Шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе дастур гирифтааст, ки то 1 декабри ҳар сол дар бораи ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳо барои амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар пойтахт ба раиси шаҳри Душанбе маълумот пешниҳод намояд.

Мавзӯъҳои асосӣ