17:48 06 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
92 0 0

Кишоварзони Тоҷикистон дар 7 моҳи аввали соли равон истеҳсоли ғалладонагиҳоро дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 108,6 ҳазор тонна афзоиш додаанд

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон то поёни моҳи июл беш аз 636,1 ҳазор тонна ғалла тавлид шуд, гузориш медиҳад хабаргузории ТоҷикТА.

Манбаъ бо такя ба иттилоияи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон афзуд, ҳаҷми тавлиди ғалла дар муқоииса бо даври мушобеҳи соли гузашта 108,6 ҳазор тонна бештар мебошад.

Имсол дар майдони беш аз 291,5 ҳазор гектар ғалла кишт шуда буд, иттилоъ дод Вазорати кишоварзӣ.

Дар ҳамин ҳол Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар нимаи аввали соли ҷорӣ ба кишвар 547,1 ҳазор тонна гандум ба нархи 197 доллар ба ҳар як тонна ворид шуд. Ин шумор дар муқоииса бо нимаи аввали соли гузашта 35,6 ҳазор тонна, ё 7 дарсад афзоишро нишон медиҳад.

Бар асоси додаҳои ин ниҳод, дар ҳоли ҳозир беш аз 80 ширкат бо воридоти гандум ба ҶТ машғул мебошанд.

Инчунин дар шаш моҳи соли ҷорӣ 24,9 ҳазор тонна орд ба нархи 237 доллар ба ҳар як тонна ворид шудаст. Ҳаҷми воридоти орд дар муқоиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 8 ҳазор тонна, ё 47,3 дарсад рушд кард.

Мавзӯъҳои асосӣ