02:47 16 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Бинои Кумитаи андози Тоҷикистон дар Душанбе, акс аз бойгонӣ

Кумита ба маблағи 240 миллион сомонӣ пинҳонкунии андозро ошкор кардааст

© Sputnik Амир Исаев
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
132 0 0

Кумитаи андози Тоҷикистон эълом дошт, ки тайи шаш моҳи аввали соли равон фаъолияти 880 корхонаю соҳибкорони инфиродиро санҷида, ҳазорҳо ҳолати андозгурезиро ошкор кард

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Аюбҷон Солеҳзода, муовини якуми раиси Кумитаи андоз ахиран зимни нишасти матбуотӣ гуфт, тайи шаш моҳ нисбат ба фаъолияти 880 шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ санҷиши риояи қонунгузории андоз гузаронида шуда, 240 миллион сомонӣ кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо ошкор карда шуд.

“Дар натиҷаи анҷом додани корҳои назоратӣ дар давраи зикршуда зиёда аз 12790 ҳуқуқвайронкунӣ ошкор карда, шахсони дахлдор 82,7 миллион сомонӣ ҷарима шуданд”, - навиштааст нашрияи “Садои мардум” аз қавли Солеҳзода.

Солеҳзода бо такя ба феҳристи ягонаи давлатӣ, шумораи субъектҳои хоҷагидор дар ҷумҳуриро 323 ҳазор адад арзёбӣ кардааст, ки нисбат ба якуми январи ҳамин сол 7 ҳазор зиёд мебошад.

Ин дар ҳолест, ки дар нимсолаи якуми соли равон нақшаи ҷамъоварии андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 98,6 дарсад таъмин гардида, ба ҷойи 5 миллиарду 546,7 миллион сомонии пешбинишуда ба буҷет 5 миллиарду 466,7 миллион сомонӣ ворид шуд.

Солеҳзода сабабҳои таъмин нагардидани иҷрои нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатиро ба нокифоя афзоиш ёфтани манбаъҳои андозбандӣ, коҳиш ёфтани даромади ширкатҳои мобилӣ, аз ҷониби якчанд корхона пурра ва сари вақт пардохт нашудани маблағи андозҳои ҳисобишуда арзёбӣ кард.

Барчаспҳо:
пинҳонкунии андоз, нишасти матбуотӣ, раис, Кумитаи андози ҶТ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ