20:45 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Бинои ширкати Барқи тоҷик дар Душанбе, акс аз бойгонӣ

Афзоиши қарздории Ожонси обёрӣ аз “Барқи тоҷик”: Қурбонзода сабабашро гуфт

CC BY-SA 3.0 / alzium
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
98 0 0

Ожонси беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки давоми шаш моҳи аввали соли равон ба истифодабарандагон 1751 миллион метри мукааб об расонда шуд, аммо танҳо ҳаққи истифодаи 76 дарсади он пардохт гаштааст

ДУШАНБЕ, 12 авг - Sputnik. Абдулло Қурбонзода, муовини якуми мудири Ожонси беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Тоҷикистон, зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсола иттилоъ дод, ки бинобар пурра пардохт нашудани ҳаққи хизмати обрасонӣ қарзҳои обистифодабарандагон дар назди агентӣ афзуд.

“Ин ҳолат боиси афзоиши қарзҳои кредиторӣ, аз ҷумла суғуртаи иҷтимоӣ ва андозҳо, гардидааст. Дар давраи зикршуда миқдори қарзҳои кредиторӣ 267,5 миллион сомониро ташкил дод”, - навиштааст "Ҷумҳурият" аз қавли Қурбонзода.

Ӯ афзудааст, ки дар ин давра пойгоҳҳои обкашии Ожонс ба маблағи 38,2 миллион сомонӣ қувваи барқ истифода кардаанд. Қарзи идораҳои тобеи ин ниҳод аз ҳисоби истифодаи неруи барқ дар назди ширкати “Барқи тоҷик” 158,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.

“Сабаби афзудани қарзҳои кредитории агентӣ дар мувофиқ набудани ҳаққи хизмати обрасонӣ бо тарифҳои неруи барқ аст”, - шарҳ додааст Қурбонзода.

Ӯ афзудааст, ки дар доираи барномаи давлатӣ соли равон барқарорсозии 1450 гектар замини бекормонда, аз ҷумла дар шаҳри Ҳисор 150 гектар, ноҳияҳои Рашт, Лахш, Сангвор, Тоҷикобод ва Нуробод 100-гектарӣ, Ховалинг, Восеъ, Муъминобод ва Конибодом 200-гектарӣ пешбинӣ шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ