Воридоти маводи сӯхт ба андозаи 12,9 ҳазор тонна зиёд шудааст

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкНа одной из автозаправочных станций
На одной из автозаправочных станций  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Русия ҳамоно дар руйхати феҳрасти кишварҳои воридкунандаи маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон дар мақоми аввал қарор дорад

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Давоми ҳафт моҳи охири соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба миқдори 272 ҳазор тонна маводи сӯзишворӣ ворид гардидааст, хабар медиҳад ТоҷикТа бо такя ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.

Қудрат Давлатзода, раиси Ожонси “Тоҷикстандарт” (дар мобайн) - Sputnik Тоҷикистон
Мошин бо 10 литр бензин 100 км мегашт, ҳозир 70 км: шарҳи раиси “Тоҷикстандарт”

Бар хабари манбаъ, Тоҷикистон дар ин муддат ба маблағи 113 миллион доллар ҳамин миқдор маводи сӯхтро харидорӣ намудааст.

Сардори Хадамот 3 ширкати ҳукмрони бозори сӯзишвории Тоҷикистонро ном бурд

Ба ҳисоби миёна арзиши як тонна маводи нафтӣ ба 414, 2 миллион доллари амрикоӣ баробар аст.

Дар ҳамин ҳол манбаъ таъкид мекунад, ки ҳаҷми маводи мӯзишвории воридотӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 12,9 ҳазор тонна бештар будааст.

Ҳар тонна маводи нафтии воридотӣ ба Тоҷикистон 645 доллар нарх дорад

Маврид ба зикр аст, ки воридкунандаи асосии маводи нафтӣ ба Тоҷикистон ҳамоно Русия боқӣ мемонад.

Ҳамчунин воридоти ин навъ маҳсулот ба Тоҷикистон аз кишварҳои Туркманистон, Қазоқистон ва дигар давлатҳо низ сурат мегирад.

Лентаи хабарҳо
0