17:38 17 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Нон, акс аз бойгонӣ

Қарори раиси вилояти Суғд дар бораи нон

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
17810

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо имзои як қарор миёни нонпазҳо озмун эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, бар асоси қарор озмуни вилоятии нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони "Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам" то охири моҳи ҷорӣ гузаронида мешавад.

Дар ин бора қарори раиси вилояти Суғд аз 13 августи соли 2019, №385 ба тасвиб расидааст, таъкид намуд манбаъ.

“Озмуни мазкур бо мақсади иҷрои банди 27 Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018​ тасдиқ гардидааст, доир хоҳад шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Дафтари матбуоти раиси Суғд таъкид намуд, ки ба ғолибони озмун диплом ва мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми аз 1000 то 2000 сомонӣ супорида мешавад.

Ин дар ҳолест, ки нон ва маҳсулоти дигари гандумӣ аз ғизои аслии мардуми Тоҷикистон буда, тибқи арзёбиҳо то 60 дарсади ғизои рӯзонаи шаҳрвандони кишварро ташкил медиҳад.

Ахиран парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон бо қабули қонуни ҷадид иштирокдорони бозори орд ва бархе аз маҳсулоти ғизоии дигарро муваззаф карда буданд, ки ин навъи маҳсулот бо витамину минералҳои ҳаётан муҳим ғанӣ гардонида шаванд.

Мавзӯъҳои асосӣ