09:55 18 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Имзои санад, акс аз бойгонӣ

Сабукии Ҳукумат барои сохтмони корхонаи маводи тарканда дар Данғара

CC0 / Pixabay / epicioci
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
23501

Ҳукумати Тоҷикистон молу маҳсулотеро, ки барои сохтмон ва мавриди истифода қарор додани корхонаи маводи тарканда дар Данғара ворид мешаванд, аз пардохти боҷу андоз озод намуд

ДУШАНБЕ, 17 авг - Sputnik. Тибқи қарори Ҳукумат, ки 31 июли соли равон имзо гардид,  феҳрасту ҳаҷми молу маҳсулоти зарурӣ барои сохтмони корхонаи истеҳсоли маводи тарканда тасдиқ гардида, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод мебошанд.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат барои бунёди корхонаи тавлиди маводи тарканда дар Данғара 24 гектар замин ҷудо кард

Тибқи қарор, замини мазкур барои корхонаи муштараки “Муосир” ҷудо карда мешавад, ки ба истеҳсоли маводи таркандаи эмулсионӣ машғул хоҳад шуд.

Корхона, ки интизор меравад бо сармояи чинӣ бунёд гардад, асосан барои корҳои таркишӣ дар бахши куҳкорию саноати истихроҷ маҳсулот истеҳсол хоҳад кард.

Маводи таркандаи эмулсионӣ, ки интизор меравад, корхонаи “Муосир” истеҳсол кунад, аз нигоҳи экологӣ нисбатан тоза ва бехатар арзёбӣ мешавад ва дар соҳаи саноату куҳкорӣ муфид арзёбӣ мешавад.

Пештар раёсати Хадамоти назорати давлатии бехатарии кор дар соҳаи саноат ва кӯҳкории назди ҳукумати Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки хориҷиҳоро аз корҳои таркишӣ дар кишвар барканор кардаанд. Ин ниҳод дар бораи далели барканории хориҷиҳо гуфт, афроде, ки бо маводи тарканда сарукор мегиранд, бояд мавриди эътимод бошанд.

Мавзӯъҳои асосӣ