10:41 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Кишт, акс аз бойгонӣ

Кишти такрорӣ дар Суғд барзиёд иҷро шуд

© Sputnik / Стрингер
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
44 0 0

Мақомоти вилояти Суғд гузориш доданд, ки кишти такрориро соли ҷорӣ дар қиёс бо нақша ва нишондоди соли гузашта барзиёд иҷро намуданд

ДУШАНБЕ, 17 авг - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, нақшаи кишти такрорӣ дар вилоят пурра иҷро гардида,  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 900 гектар зиёдтар кишти такрорӣ гузаронида шуд.

Машварати кории Эмомалӣ Раҳмон
© Фото : Аз хадамоти матбуоти президенти ҶТ

Манбаъ аз қавли Сарраёсати кишоварзии вилоят афзуд, имсол деҳқонони вилоят дар масоҳати 16 ҳазору 500 гектар кишти такрорӣ гузаронидаанд.

“Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта дар 15600 гектар кишти такрории зироатҳо гузаронида шуда буд”, - омадааст дар иттилоия.

Ба иттилои масъулин дар заминҳои холишуда асосан ғалладонагиҳо, шолӣ, лӯбиёгиҳо, сабзавоту полезиҳо ва хӯроки чорво кишт гардидааст.

Котиботи раиси Суғд таъкид кард, ки иҷрои барзиёди нақша аз ҳисоби бештар шудани майдони кишти такрорӣ дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Панҷакент, Ашт, Исфара, Деваштич ва Спитамен таъмин гардидааст.

Қаблан Вазорати кишоварзии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки то поёни моҳи июл беш аз 636,1 ҳазор тонна ғалла тавлид шуд. Манбаъ  афзуд, ҳаҷми тавлиди ғалла дар муқоииса бо даври мушобеҳи соли гузашта 108,6 ҳазор тонна бештар мебошад.

Барчаспҳо:
барзиёд, нақша, кишти такрорӣ дар шимоли кишвар, Тоҷикистон-Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ