Тасвиби болоравии нархи гармӣ дар Душанбе ва таъсиси шуъбаи нав

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат нархномаи ҷадиди нерӯи гармиро дар Душанбе тасдиқ кард

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Дар қарори Ҳукумат, Хадамоти зиддиинҳисорӣ якҷоя бо мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе муваззаф шудаанд, ки иҷрои нархномаи ҷадидро таъмин кунанд.

Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Барқи Тоҷик": мо нархи барқро боло набурдаем

Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон моҳи июли соли равон эълон дошта буд, дар сурати тасдиқи нархномаи нав, қимати нерӯи гармӣ дар Душанбе ба таври назаррас боло нахоҳад рафт. Ба иттилои ин ниҳод, аҳолӣ, ки то ҳол барои ҳар метри мураббаи таъминшаванда бо гармӣ 1,03 сомониро пардохт мекарданд, бо тасдиқи нархномаҳои ҷадид 1,18 сомониро пардохт хоҳанд кард.

“Масалан, агар соли гузашта соҳибони манзили муайян дар як моҳ 53-54 сомонӣ пардохт мекарданд, имсол ҳудуди 60 сомонӣ пардохт хоҳанд кард, ки болоравии назаррас нест”, - изҳор дошта буданд масъулини ин ниҳод.

Инчунин Ҳукумати Тоҷикистон бо вуруди тағйирот ба сохтори Хадамоти зиддиинҳисории кишвар шуъбаи алоҳидаи танзими соҳаи электроэнергетика бо чор воҳиди кориро ташкил кардааст.

Бар асоси қарор, Вазорати молия муваззаф шудааст, ки соли ҷорӣ хароҷоти чор воҳиди кории шӯъбаи ҷадидро аз ҳисоби сарфаи маблағҳо Фонди музди меҳнат таъмин кунаду аз соли гузашта хароҷоти шӯъбаро дар буҷаи давлатӣ пешбинӣ намояд.

Лентаи хабарҳо
0