11:21 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Продавец в магазине считает сдачу

Беқурбшавии сомонӣ идома дорад: болоравии таваррум дар Тоҷикистон наздик ба 5 дарсад расид

© Sputnik / Амир Исаев
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
53701

Аз аввали сол дар Тоҷикистон болоравии нархҳои маҳсулоти озуқаворӣ ва ғайриозуқа, инчунин нархи хизматрасонии пулкӣ ба аҳолии кишвар мушоҳида мешавад

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Рушди таваррум дар соҳаи истеъмолии Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли равон ба 4,9 дарсад расид иттилоъ додааст Ожонсии омори назди Президенти кишвар.

“Танҳо дар моҳи июли соли равон ин нишондиҳанда 0,9 дарсадро ташкил дод. Дар ин давра болоравии нархҳои маҳсулоти озуқаворӣ ва ғайриозуқа, инчунин нархи хизматрасонии пулкӣ ба аҳолии кишвар ба назар расид”, - иттилоъ додааст манбаъ.

БМТ: мизони таваррум дар соли 2017 камтар аз пешбиниҳо буд

Ожонсии омор таъкид намудааст, ки ҳаҷми таварруми солона (аз моҳи июли соли 2018 то июли соли 2019) 8,4 дарсадро ташкил додааст.

Ҳукумат тасмим гирифтааст, имсол ҳаҷми таваррумро дар сатҳи 7 дарсад нигоҳ дорад. Соли гузашта рушди таваррум дар ҷумҳурӣ 5,4 дарсадро ташкил дода буд.

Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон нархи маҳсулотро боло бурд

Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки ҳаҷми таваррум дар Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 баробар афзоиш ёфта буд ва аз моҳи январ-июни соли 2019 4 дарсадро ташкил дода буд.

Барчаспҳо:
беқурбшавӣ, таваррум, сомонӣ, иқтисод, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ