03:58 21 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Кормандони хоҷагии хоҷагии бузпарварӣ дар ноҳияи Зафаробод

Парвариши бузҳои аврупоӣ дар Зафаробод, ки рӯзе то 3 литр шир медиҳанд - акс

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
17110

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар деҳоти Равшани ноҳияи Зафоробод бо фаъолияти хоҷагии муосири парвариши чорвои хурди шохдор-бузҳои зоти аврупоӣ ва корхонаи коркарди ширу истеҳсоли панир шинос шуд

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, хоҷагии парвариши чорвои хурди шохдор соли 2015 дар ҳудуди иншооти хусусигардидаи соҳибкори маҳаллӣ Назар Ғоибназаров дар ҳамкорӣ бо шаҳрванди Австралия Ҷеври Диллон таъсис ёфта, дар ибтидо 10 сар бузи ширдеҳ парвариш меёфт.

Парвариши бузҳои зоти ширдеҳи аврупоӣ дар ноҳияи Зафаробод
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон
Парвариши бузҳои зоти ширдеҳи аврупоӣ дар ноҳияи Зафаробод

Манбаъ афзуд, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шахсони алоҳида аз хориҷи кишвар бузҳои зотҳои ширдеҳи аврупоӣ, русӣ ва қамарӣ – покистонӣ ворид намуда, барои эҳтиёҷоти оила ва бозор шири буз истеҳсол менамоянд.

“Соҳибкорон бо мақсади афзун намудани саршумор, ба шароиту иқлими минтақа мутобиқ намудану ба вуҷуд овардани гурӯҳи бузҳои сермаҳсули самти ширӣ ва ташкил намудани фермаи махсус аз давлатҳои Шветсария ва Франсия нуфтаҳои (тухмии) такаҳои зоти алпинии бузҳои ширдеҳ ворид намудаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки бо роҳи бордоркунии сунъӣ аввал аз зотҳои аврупоӣ нуфтаҳои таккаҳои ҷойдорӣ истифода гардида, дар марҳилаи дуюм нуфтаҳои аз ҳисоби истифодаи такаҳои зоти алпини ва қисман зоти бузи камарии Покистон ин бузҳои ширдеҳ ба вуҷуд омадаанд.

Дар давоми солҳои 2016-2019 саршумори бузҳо ҳар сол аз 25 то 40 сар зиёд гардида, ҳоло ба 240 сар расонида шудааст. Аз ин миқдор 100 сар модарбузҳои ширдеҳанд, ки ширҷӯшӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар сар дар як шабонарӯз 2,5-3 литрро ташкил медиҳад.

Барчаспҳо:
хоҷагии фермерӣ, шир, Зафаробод, ноҳия, Тоҷикистон-Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ