00:41 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
170 0 0

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиати ташкилоти амонатию қарзии “Азимӣ-Молия”-ро барои барҳамдиҳӣ қонеъ кардааст

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллӣ, муроҷиати “Азимӣ-Молия” барои барҳамдиҳии ихтиёрӣ бо қарори раёсати БМТ аз 26 август қонеъ карда шуд.

“Дар асоси моддаи 6 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” ва муроҷиати ҶСП ТАҚХ “Азимӣ-Молия” оид ба барҳамдиҳии ихтиёрии ҶСП ТАҚХ “Азимӣ-Молия” тибқи қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти №97 аз 26августи соли 2019, дархости ҶСП ТАҚХ “Азимӣ-Молия” қонеъ карда шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Бонки миллӣ ташкилоти “Азимӣ-Молия”-ро муваззаф кардааст, ки комиссияи барҳамдиҳиро таъсис диҳаду расмиёти қонуниро иҷро кунад.

“Тибқи қарори мазкур мақомоти ваколатдори ҶСП ТАҚХ “Азимӣ-Молия” вазифадор карда шудааст, ки комиссияи барҳамдиҳиро таъсис дода, расмиёти барҳамдиҳии ихтиёриро бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад”, - таъкид кардааст БМТ.

Ин дар ҳолест, ки тайи солҳои охир дар пайи дучори буҳрон шудани низоми бонкии кишвар даҳҳо ташкилоти қарзии хурд дар Тоҷикистон барҳам дода шуданд.

Барчаспҳо:
ихтиёрӣ, барҳамдиҳӣ, ташкилоти қарзӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ