Расулзода иншооти бунёдкардаи Фаррухзод ва бародарон Қурбоновҳоро кушод

© Sputnik / Дмитрий АстаховКохир Расулзода, архивное фото
Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ҳафтаи равон дар доираи сафари корияш ба вилояти Хатлон дар ҷамоати деҳоти “Танобчӣ”-и ноҳияи Темурмалик маркази хизматрасонии бунёдкардаи соҳибкор Хусрави Фаррухзодро ифтитоҳ кард

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон, дар ин маркази хизматрасонӣ, коргоҳи дӯзандагӣ, кошонаи ҳусн, сартарошхона, таъмири пойафзол, ҳаммом ва ошхона ҷой гирифта, беш аз 40 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. 

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар деҳаи Басиди водии Бартанг - Sputnik Тоҷикистон
Файзов беморхона, ҳаммом ва ҳоҷатхонаи бунёдкардаи гардишгарон дар Басидро кушод

“Устои пояфзолдӯз Юсуфалӣ Сафаров дар утоқи барҳавои тозабунёд ва дорои шароити мусоид  ба фаъолият оғоз намуд. Ҳамчунин 12 нафар бонувони маҳал бо мошинҳои дарздӯзӣ ба омода намудани либосҳои мактабӣ шурӯъ намуданд”, - омадааст дар иттилоия.

Ҳамчунин нахуствазири Тоҷикистон дар деҳаи Шӯрчашмаи Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32-ро ифтитоҳ кардаст.

Котиботи ҳукумати Хатлон мегӯяд, мактаби мазкур аз ҷониби бародарон Қурбоновҳо барои 240 нафар дар як баст бунёд гардида, дари хешро дар арафаи соли нави хониш барои хонандагон боз намуд.

Сафари Қоҳир Расулзода ба вилояти Хатлон рӯзҳои 27-28 август ба истиқболи 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ сурат гирифта, сарвазир аз шаҳру ноҳияҳои Данғара, Темурмалик, Восеъ ва Кӯлоб дидан кард.

Лентаи хабарҳо
0