01:35 18 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.15
Бозори Панҷшанбек, акс аз бойгонӣ

Савдои Тоҷикистон бо кишварҳои узви СҲШ 1,7 миллиард долларро убур кард

© Sputnik / Стас Этвеш
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
36 0 0

Ожонси омори Тоҷикистон ҳаҷми додугирифти коло бо кишварҳои дигари узви Созмони ҳамкории Шонгҳойро дар 7 моҳи аввали соли равон беш аз 1 миллиарду 700 миллион доллар арзёбӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Ҳаҷми гардиши молӣ дар миёни Тоҷикистон ва кишварҳои Созмони ҳамкории Шонгҳой дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ беш аз 1 миллиарду 713,2 миллион доллар буд, хабар додаст ТоҷикТА аз қавли Ожонси омори кишвар.

Манбаъ афзуд, беш аз 1 миллиарду 446,7 миллиони ин маблағ саҳми воридот аз кишварҳои СҲШ мебошад.

Бар асоси додаҳо, дар ин муддат гардиши молӣ дар миёни ҶТ бо Қазоқистон, Русия, Узбакистон ва Ҳиндустон рушд кард ва бо Чину Покистон коҳиш ёфт.

Шарикҳои аслии бозаргонии ҶТ дар созмон Русия, Қазоқистон, Чин ва Узбакистон мебошанд. Ҳаҷми кулли бозаргонӣ бо ин кишварҳо дар ҳафт моҳ ҳудуди 1 миллиарду 628,5 миллион доллар буд. ТоҷикТА таъкид намудааст, ки гардиши молӣ дар миёни ҶТ ва кишварҳои созмон ба истиснои Узбакистон манфӣ буд ва шарҳ додааст, ки яъне дар мубодилот ҳаҷми воридот аз содирот болотар аст.

Тибқи иттилои Ожонс, шарики асосии тиҷории Тоҷикистон ҳамоно Русия боқӣ монда, ҳаҷми додугирифт миёни 2 кишвар дар 7 моҳ ба 570 миллион доллари амрикоӣ баробар шудааст.

Манбаъ афзуд, ки ҳаҷми додугирифти мол миёни Тоҷикистону Қазоқистон  505,4 миллион долларро ташкил додааст. Қазоқистон дар феҳрасти шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон баъди Русия, дар ҷои дуюм қарор дорад.

Чин низ ба сегонаи шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон шомил гардидаст. Ҳаҷми савдои Тоҷикистону Чин дар ҳафтмоҳа ба 351 миллион доллар баробар шудааст.

Барчаспҳо:
афзоиш, мизони тиҷорат, савдо, СҲШ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ