Бонки миллӣ ба ширкати амрикоии MoneyGram Payment Systems, Inc иҷозатнома дод

CC BY 2.0 / Anthrocopy / Pile of paper and plasticДенежные купюры и банковские карты
Денежные купюры и банковские карты - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон низоми ба ширкати молиявии амрикоӣ MoneyGram Payment Systems, Inc. барои фаъолият дар қаламрави Тоҷикистон ба муҳлати се сол иҷозатнома дод

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба MoneyGram Payment Systems, Inc. барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “MoneyGram” ба муҳлати 3 сол иҷозатнома дод.

Дар ин бора дафтаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст.

Национальный банк Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллӣ: "Золотая корона", "ЮНИСТРИМ" ва CONTACT иҷозатномаи фаъолият гирифтанд

Тибқи иттилои манбаъ, бо қарори навбатии Раёсати Бонк аз санаи 30 августи соли равон ва дар асоси моддаи 14 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, моддаи 18 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва мутобиқи моддаи 77 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ба MoneyGram Payment Systems, Inc. барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “MoneyGram” ба муҳлати се сол иҷозатнома дода шуд.

Масъулини Бонки миллӣ қайд намуданд, ки мутобиқи қарори мазкур Идораи низоми пардохт уҳдадор аст, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ доир ба тағйироти мазкур сабти дахлдорро ворид намояд.

Ёдрас мешавем, ки моҳи май соли равон Бонки миллии Тоҷикистон барои фаъолият дар қаламрави Тоҷикистон ба низоми пардохти “BLIZKO” иҷозатнома дода буд.

Лентаи хабарҳо
0