Ба 2 сомонию 40 дирам кам дод: Додситонии кул аз фиребкорӣ дар НФС-ҳо гуфт

© Sputnik / Амир ИсаевВывеска на здании Генеральной прокуратуры РТ. Архивное фото
Вывеска на здании Генеральной прокуратуры РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри як иттилоия аз фиреби истеъмолкунандагон дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ хабар дод

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Тибқи иттилоияи Додситонии кулли Тоҷикистон, Жумаев У. И, ки ҳамчун фурӯшанда дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории ширкати “Ғайрат-82” воқеъ дар шаҳри Турсунзода, деҳоти Навобод, деҳаи Бақоӣ фаъолият намудааст, даст ба фиребкорӣ задааст.

Қудрат Давлатзода, раиси Ожонси “Тоҷикстандарт” (дар мобайн) - Sputnik Тоҷикистон
Мошин бо 10 литр бензин 100 км мегашт, ҳозир 70 км: шарҳи раиси “Тоҷикстандарт”

"Жумаев  ҳангоми ба шаҳрванд Усмонов И. фурӯхтани 40 литр бензини навъи АИ-92 ба маблағи 272 сомонӣ миқдори 300 миллилитр сӯзишворӣ ба маблағи 2 сомонию 40 дирам кам чен кардааст", - омадааст дар иттилоияи Додситонии кулли Тоҷикистон.

Манбаъ афзуд, ки ба ҳамин монанд фурӯшандагони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ Одинаев А.Н., Тағошаров А., Нуров Ф.С., Абдуллоев С.Х., Абдуллоев С. ва Наврӯзов Ю.Ф. ба фиреби истеъмолкунандагон машғул шуда, зимни фурӯши сӯзишворӣ ба шаҳрвандон камтар чен карда, фурӯхтаанд.

Бар асоси иттилоия, додситонии шаҳри Турсунзода аз рӯи ин ҳолатҳо нисбати нафарони болозикршуда парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз намуда, онҳо аз тарафи маркази минтақавии ташхисии “Тоҷикстандарт” дар шаҳри Турсунзода ҷаримабандӣ карда шудаанд.

Автозаправка ночью UMED88, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Идрисзода гуфт, маблағи зарари “Умед – 88” ба “Роғун”-ро мерӯёнанд

Ин дар ҳолест, ки ахиран Қудрат Давлатзода, раиси Ожонси “Тоҷикстандарт” иддао, ки дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ фиребкорӣ ҷой дораду мошинҳо бо 10 литр бензин ба ҷои 100 километри қаблӣ ҳозир ҳамагӣ 60-70 километр мегарданд, шарҳ дод.

Ӯ дар мавриди изҳороти маъмул, ки мошин пештар бо 10 литр масофаи зиёдро тай мекарду ҳозир кам, гуфт, ин метавонад натиҷаи куҳнашавии мошин бошад. Мошин ҳар қадаре куҳна бошад, ҳамон қадар хароҷоташ зиёд мешавад, тавзеҳ дод раиси “Тоҷикстандарт”.

Давлатзода эътироф кард, ки дар маҷмуъ камбудиҳо ҷой доранд ва масъулини ниҳоди тобеяш дар шаш моҳ як бор НФС-ҳоро аз санҷиш мегузаронанд. Ӯ таъкид намуд, ки тибқи нақшаҳои тасдиқшуда масъулини “Тоҷикстандарт” ҳақ надоранд, беш аз як маротиба дар шаш моҳ нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхтро аз санҷиш гузаронанд ва уҳдадоранд, ки 5 рӯз қабл аз санҷиш масъулини нуқтаҳоро аз санҷиш огоҳ намоянд.

Лентаи хабарҳо
0