06:10 20 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Зажжение газовой конфорки, архивное фото

Тоҷикистон ба маблағи 9 миллион доллар гази Узбакистонро харидорӣ намудаст

© Sputnik / Стрингер
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
93 0 0

Воридоти гази Узбакистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 50 фисад афзоиш ёфтаст

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik.  Давоми  8 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ба миқдори 71,8 миллион метри мукааб гази табиӣ ворид шудааст, хабар медиҳад агентии ТоҷикТа.

Бар хабари манбаъ, Тоҷикистон ин миқдор гази табииро бо арзиши 9 миллион доллари амрикоӣ харидорӣ намудаст.

Шавкат Шоимзода: тасмим дорем дар соли равон аз Узбакистон гази табии бештар харем

Маврид ба зикр аст, ки Узбакистон пас аз 6 соли танаффус дигарбора ба содироти гази табии ба ҳамсоякишвари Тоҷикистон шурӯъ намудаст.

Воридоти гази Узбакистон ба Тоҷикистон аз моҳи апрели соли 2018 дигарбора оғоз ёфт ва давоми ҳамон сол 54 миллион метри мукааб гази Узбакистон ба қаламрави ҷумҳурӣ содирот шуд.

Узбакистон ба маблағи 15,1 миллион доллар ба Тоҷикистон газ мефурӯшад

Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон мегӯяд, бахши аслӣ ё 80 дарсади гази воридотӣ аз Ӯзбекистонро Корхонаи алюминийи Тоҷик истифода мекунад.

Барчаспҳо:
интиқоли газ, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ