Қарзи Тоҷикистон 714 миллион доллар бештар мешавад

© Pixabay / Maklay62Чемодан с деньгами, архивное фото
Чемодан с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон дар соли 2020 азм дорат ҳудуди 4,5 миллиард сомонӣ қарзу грант гирад, ки муодили 465 миллион доллар буда, нисбати нишондоди соли ҷорӣ бештар мебошад

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Давлати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, соли 2020 ҳудуди 4,5 миллиард сомонӣ қарзу грант гирад, ки нисбати нишондоди соли ҷорӣ 274 миллион сомонӣ, ё худ 29 миллион доллари амрикоӣ зиёдтар мебошад, хабар додааст ТоҷикТА.

Купюры американских долларов. - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати молия ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистонро гуфт

“Соли 2021 ҳаҷми қарзу грантҳое, ки ба Тоҷикистон ҷалб мешаванд, ҳудуди 5,4 миллиард сомонӣ ва соли 2022 беш аз 6,1 миллиард сомониро ташкил хоҳад дод”, - навиштааст ТоҷикТА аз қавли Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.

Соли ҷорӣ ҳаҷми қарзу грантҳо дар буҷаи давлати Тоҷикистон ҳудуди 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта давлати Тоҷикистон нақшаи даромадро бидуни кумаки хориҷӣ барзиёд иҷро кард. Буҷа аз нақшаи тасдиқгардида 70 миллион сомонӣ бештар маблағ гирифта буд.

Передача портфеля из рук в руки - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон аз “Эксимбонк”-и Чин 1,3 миллиард доллар қарздор аст

Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, даромади барзиёди буҷаи давлати Тоҷикистон аз ҳисоби ҷаримаҳо зимни санҷиши соҳибкорон таъин гардид. Тибқи дурнамои Ҳукумати Тоҷикистон қарзи хориҷии давлат соли ҷорӣ ба 3 миллиарду 108 миллион доллар баробар хоҳад шуд.

Дар маҷмуъ тайи се соли оянда афзоиши қарзи Тоҷикистон ба андозаи 714 миллион доллар пешбинӣ шуда, ҳаҷми он дар охири соли 2020 ба 3 миллиарду 327 миллион доллар ва соли 2021 ба 3 миллиарду 441 миллион доллар баробар хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0