04:44 16 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.80
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
142 0 0

Ширкати сармоягузории олмониву русиягии “Ромеда Капитал” тасмим дорад бо мақомоти вилояти Суғд дар самти коркарди маъдан ва партов ҳамкорӣ намоянд

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Ахиран Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо намояндагони ширкати сармоягузории олмониву русиягии “Ромеда Капитал”-ро дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Манбаъ зикр намудааст, ки зимни мулоқот бо соҳибкорони хориҷӣ раиси вилоят, изҳори боварӣ намудааст, ки тарафҳо барои густариши ҳамкориҳо ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят аз имконоти мавҷуда самаранок истифода хоҳанд кард.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид дошт, ки мақомоти вилоят барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак ҳавасманд мебошад.

Ватан Абдураҳмонов ва ҳайати ҳамроҳонаш зимни мулоқот зикр намуданд, ки бо вуҷуди дар хориҷ аз Тоҷикистон фаъолият доштанашон аз пешрафту шукуфоии ҷумҳурӣ истиқбол мекунанд.

Тавре манбаъ қайд намудааст, дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, бо тарҳрезии нақшаҳои мушаххас дар самти коркарди маъдан ва партов ҳамкорӣ  намоянд.

Барчаспҳо:
Раҷаббой Аҳмадзода, Тоҷикистон, нақша, сармоягузор, сармоягузорӣ, Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ