10:20 20 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Парванда алайҳи 2 мард барои гирифтани 1 кило тилловории зан ва қарзи “Тоҷиксодиротбонк”

© Sputnik Амир Исаев
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
93 0 0

Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи ду мард барои гирифтани наздики як кило тилловории зан ва таҳияи ғайриқонунии қарз ба номаш дар “Тоҷиксодиротбонк” парвандаи ҷиноӣ кушодааст

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Додситонии кул ду сокини Душанбе – мардони 49 ва 53-соларо дар қаллобӣ ва гирифтани ғайриқонунии кредит муттаҳам мекунад.

Тибқи иттилои ВУД,  марди 49-солаи сокини шаҳри Душанбе дар маслиҳати пешакӣ бо марди 53-солаи дигар даст ба қаллобӣ задааст.

 Манбаъ афзуд, ки муттаҳамон моҳи ноябри соли 2013 бо маслиҳати пешакӣ бо марди 53-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба боварии зани 53-солаи сокини кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 953,3 грамм маснуоти тилловорӣ гирифтаанд.

Пирзода дар бораи фурӯши “Тоҷиксодиротбонк” ба арабҳо, пули мардум ва бонки исломӣ

Арзиши тилловориҳои гирифтаи ин ду мард 30 ҳазор доллари амрикоӣ арзёбӣ шуда, онҳо ба соҳоиби ҷавоҳирот ваъда додаанд, ки дар муддати 1-моҳ онҳоро фурӯхта, маблағашро бармегардонанд.

ВУД, афзуд, муттаҳамон маснуотҳоро бар ивази қарзашон ба шахси дигар дода, ба зани соҳиби мол ба маблағи 30 000 доллари амрикоӣ зарар расонидаанд.

“Инчунин, номбурдагон бо маслиҳати пешакӣ бо мақсади ғайриқонунӣ гирифтани кредит ба боварии зани мазкур даромада, аз “Тоҷиксодиротбонк” дар асоси шартномаи қарзӣ 29 000 доллари амрикоӣ қарз гирифта, ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ таъкид намуд, ки феълан таҳқиқи парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи муттаҳамон аз сӯи Додситонии кулли Тоҷикистон идома дорад.

Барчаспҳо:
қаллобӣ, дастгир, парванда, Додситонии кулли ҶТ, Тоҷикистон-Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ