Фелалиев бо лорди бритониёӣ густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкЗдание парламента Республики Таджикистан
Здание парламента Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомдорони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо намояндаҳои палатаи лордҳои Британияи Кабир ва Ирландияи шимолӣ густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногунро баррасӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти парлумон, Акрамшо Фелалиев, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Муҳаммед Илтаф Шейх, намояндаи палатаи лордҳои Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ва Метю Лоусан сафири Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд.

Девушка укладывает прическу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Лорди англис ошиқи Гулӣ Муродова: чигуна пешхизмате аз Узбакистон ба миллионер шавҳар кард

“Зимни мулоқот масъалаҳои таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир дар соҳаҳои иқтисод, маориф, сармоя, сайёҳӣ, ҳамчунин тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ, танзими форумҳои тиҷоратӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Лондон ва таъсиси намояндагиҳои донишгоҳҳои бритониёӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки дар мулоқот ҳамчунин таъкид гардид, ки сафари меҳмонони бритониёӣ ба Тоҷикистон ҷанбаи мусбат дошта, барои муаррифии бештари кишварҳо дар парлумон ва ҷалби имкониятҳои Ҳукумати Британияи Кабир дар рушди соҳаҳои мухталифи кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.

Международная универсальная выставка-ярмарка Таджикистан 2019 - Sputnik Тоҷикистон
Корхонаҳои Тоҷикистон маҳсулоти тавлидотии худро ба намоиш мегузоранд

Ҷонибҳо аз рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид намудаанд, ки муколамаҳои мунтазами сатҳи баланди сиёсӣ асоси таҳкими равобит ва ҳамкории ду кишвари дӯст дар ҳама арсаҳо ва соҳаҳо ба ҳисоб мераванд.

Ин  дар ҳолест, ки дар арафаи 28 - умин солагрди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Палатаи савдои Тоҷикистону Бритониё таъсис ёфт

Ҳадафи Палатаи савдои Тоҷикистону Бритониё, рушди тиҷорату савдо ва густариши сармоягузорӣ миёни ду кишвар арзёбӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0