06:43 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Экономический рост, архивное фото

Қарзи андоз дар вилояти Хатлон ба беш аз 176 миллион сомонӣ расид

CC0 / Pixabay
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
113 0 0

Раёсати андози вилояти Хатлон эълон намудааст, ки қарзи андоз дар вилоят ба беш аз 176 миллион сомонӣ расидааст

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Абдурозиқ Солиев, муовини сардори Раёсати андози вилояти Хатлон таъкид намудааст, ки ҳаҷми қарзи андоз дар вилоят ба 176 миллиону 147 ҳазор сомонӣ расидааст, ки аз ин 116 миллионаш қарзи мушкилситон ҳисобида мешавад, иттилоъ додааст сомонаи иттилотии tajikistantaimes. 

 Тавре манбаъ зикр намудааст, дар вилоят 6 ҳазору 106 соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда, 12 ҳазору 260 андозсупоранда ҳамчун шахси ҳуқуқӣ, 26 ҳазору 203 соҳибкори тибқи патент фаъолияткунанда ва зиёда аз 58 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ ба қайд гирифта шудааст.

Вай таъкид доштааст, ки сабаби асосии зиёдшавии қарзи андоз дар иҷро накардани саривақтии уҳдадориҳои андозсупорандаҳо  мебошад.

Аз ҳама бештар қарздорӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кулоб, Кӯшониён, Вахш, Ёвон, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Темурмалик, Данғара ва Фархор мавҷуд аст.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши ахири худ таъкид намудааст, ки афзоиши молиёт дар Тоҷикистон монеи рушди фаъолияти бахши хусусӣ дар ин кишвар шудааст.

Ба нақл аз хабаргузории Parstoday, Бонки Ҷаҳонӣ дар тозатарин гузориши худ бо унвони "Мусоидат барои рушди Тоҷикистон" эълом кардааст, ки ин кишвар дар радабандии ҷаҳонии осонсозии тиҷорат дар мақоми 183 дар миёни 190 кишвар қарор дорад.

Аз дидгоҳи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ иллати ҷойгоҳи номуносиби Тоҷикистон дар ин радабандӣ, мизони 65 дарсадии молиёт дар ин кишвар аст, ки роҳи рушди фаъолиятҳои хусусиро кунд мекунад.

Ян Питер-Олтерс, мудири дафтари намояндагии Бонки Ҷаҳнӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳукумати Тоҷикисон ҳамасола мизони молиёти пардохтӣ дар ин кишварро 15 то 20 дарсад афзоиш медиҳад.

Барчаспҳо:
қарз, афзоиш, Хатлон, андоз, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ