Вазорат: ҷамъоварии картошка дар Тоҷикистон афзоиш ёфт

CC0 / Pixabay / Картофель
Картофель - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кишоварзони Тоҷикистон то даҳрӯзаи дуюми моҳи сентябр беш аз 294,1 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ кардаанд, ки дар муқоиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 3,4 дарсад зиёд мебошад

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Имсол кишоварзони Тоҷикистон дар беш аз 33,6 ҳазор гектар картошка коштанд ва то ҳол аз 15,6 ҳазор гектар ҳосил ҷамъоварӣ шудааст, хабар дод ТоҷикТА бо такя ба Вазорати кишоварзии Тоҷикистон.

Рабочий визит Эмомали Рахмона в Согдийскую область - Sputnik Тоҷикистон
"Пикасо" ва "Алладин": Раҳмон дар Мастчоҳ бо ҷараёни нашъунамои картошка ошно шуд

Манбаъ афзуд, ки ҳосили миёна аз ҳар гектар 180 сентнер картошка мебошад. Дар Тоҷикистон асосан навъҳои “Пикасо”, “Дӯстӣ”, “Дурахшон”, “Лорх” ва “Невский”-и картошка тавлид мегардад.

Ахиран Вазорати кишоварзии Тоҷикистон гузориш дод, ки то даҳаи аввали моҳи сентябр дар ҷумҳурӣ 763 ҳазору 221 тонна ғалладонагӣ ҷамъоварӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 114 ҳазору 791 тонна зиёд мебошад

Ба иттилои манбаъ, ин миқдор ғалладона аз майдони  259 ҳазору 382 гектар ҷамъоварӣ шудааст.

Вазорат таъкид намуд, ки ғалладонагӣ, аз қабили гандум, ҷавсар, лӯбиё, нахӯд, мош, шолӣ ва ҷуворимакка маҳсулоти хӯроки ҳаррӯзаи мардум дониста мешаванд ва аз ин рӯ вазорат талош дорад, ки кишти чунин зироатро дар мамлакат бештар  намояд, то сокинони ҷумҳурӣ бо маҳсулоти аз ҷиҳати табиӣ тоза ва фоидаовар таъмин бошанд.

Лентаи хабарҳо
0