Қурби асъори хориҷӣ дар оғози ҳафтаи ҷадид дар Тоҷикистон

© SputnikНациональный банк Таджикистана, архивное фото
Национальный банк Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷӣ нисбати пули миллӣ – сомониро барои имрӯз 23 сентябр, рӯзи аввали ҳафтаи навро эълон кард

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, имрӯз дар ташкилоти молиявии кишвар қурби 1 рубли русӣ аз 0.1500 то 0.1514 сомониро ташкил медиҳад.

Пункт по денежным переводам, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Интиқоли пули муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Ин ниҳод арзиши фурӯши долларро дар бозори нақд аз 9.6500 то 9.7000 сомонӣ ва 1 евроро аз 10. 6200 то 10.7200 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ дар бозори ғайринақдӣ  барои 1 доллари ИМА - 9.6899  сомонӣ, барои як 1 евро - 10. 7248 сомонӣ ва 1 рубли русӣ - 0.1509  сомонӣ муқаррар намудааст.

БМТ ҳушдор додааст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.

“Азимӣ-Молия” хостори барҳамдиҳии ихтиёрӣ шуд

Дар ҳамин ҳол Ожонси омори Тоҷикистон ахиран эълон кард, ки аз моҳи августи соли гузашта то моҳи августи соли ҷорӣ мизони таваррум дар кишвар ба 8,6 дарсад баробар шудааст. Мизони таваррум дар моҳи август 0,9 дарсад ва дар 8 моҳи соли ҷорӣ 5,8 дарсад шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон имсол дар сатҳи 7 дарсад доштани мизони таваррумро барномарезӣ кардааст. Соли гузашта рушди таваррум 5,4 дарсад буд.

Лентаи хабарҳо
0