10:11 30 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
76 0 0

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон гузориш дод, ки то ҳол 16 дарсади нақшаи ҷамъоварии пахта дар кишвар иҷро шудааст

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон иҷрои барномаи панба ба 16 дарсад расид, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Манбаъ аз қавли мудирияти растанипарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, иттилоъ дод, ки имсол дар 185 ҳазору 670 ҳектор замин панба кошта шуд, ки ин дар муқоиса бо соли гузашта 1,7 ҳазор ҳектор зиёд мебошад.

“Имсол дар Тоҷикистон бардошти 400 ҳазор тоннаи панба барномарезӣ шуда буд. Соли гузашта ҳаҷми тавлиди панба беш аз 300 ҳазор тонна буд”, - омадааст дар иттилоия.

Бар асоси додаҳои вазорати кишоварзии Тоҷикистон,  ҳудуди 136 ҳазор нафар барои ҷамъоварии панба ҷазб шудаанд, ки онҳо дар як рӯз ҳар кадом 40-50 кило, дар кулл 6 ҳазор тонна панба ҷамъоварӣ мекунанд. Барои як кило панба аз 40 то 60 дирам пардохт мегардад.

Ноҳияи Шаҳритус, ки 60 дарсади барномаи бардошти панбаро иҷро карданд, дар ин замина пешқадам ҳастанд.

Кашфи пахтаи навъи “Тоҷикистон” ва иштироки раиси вилояти Хатлон дар ҷамъоварии он

Таъкид шудааст, ки дар вилояти Хатлон дар оғози даҳрӯзаи сеюми моҳи август ҷамъоварии панба оғоз шуда буд ва имсол кишоварзони вилоят нияти чидани беш аз 275 ҳазор тонна пахтаро доранд.

Қаблан Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон миёни пахтачинҳо мусобиқа эълон карда, ҳар 15 рӯзи мавсим ба пахтачинҳои пешқадам, барои ҷои 1 то 3-юм дар маҷмуъ  30 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ пардохт мегардад.  

Мавзӯъҳои асосӣ